Ба муносибати 28-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи сулҳи тоҷикон ва ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Сулҳу Ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯи фардои нек” баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият, намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону омӯзгорони донишкада иштирок намуданд.
Нахуст, сардори донишкада ҳайати меҳмононро муаррифӣ намуда, конференсияро ифтитоҳ намуд. Таъкид карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдат яке аз ҷашнҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он низ бояд дар қатори дигар ҷашнҳои бузург бо шукӯҳ ва шаҳомат таҷлил карда шавад. Чунки халқи тоҷик маҳз тавассути ҳамин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тавонист, роҳи ояндаи дурахшону нуронии худро равшан созад.
Сипас, аз ҷониби меҳмонон маърӯзаҳо оид ба мавзӯъҳои нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ваҳдату ягонагии тоҷикон ва таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳайати меҳмонон барои ҳамкориҳои судманд бо Донишкадаи ҳарбӣ бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Масрур ФАЙЗИЕВ