МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993, инҷониб ҳамчун сохтори мустақил ва таркибии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд ва он тобеи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сардори маркази матбуот аз ҷониби вазири мудофиа ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Ҳайати шахсии Маркази матбуотро хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайринизомӣ ташкил медиҳанд.
Соли 2015 дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар сохтори штатии Вазорати мудофиаи мамлакат, Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ таъсис дода шуд, ки бунёди ин марказ аз ҳисоби шуъбаву хадамоти тобеи ин ниҳоди қудратӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии ҳайати шахсӣ сурат гирифт. Ба ҳайати Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ Гурӯҳи телевизионӣ, рӯзномаи «Ҳомии Ватан», сомонаи расмии Вазорати мудофиа ва ансамбли «Шараф» шомил карда шуданд. Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ дар тобеияти Маркази матбуот нигоҳ дошта мешавад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази матбуот ва Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ (минбаъд Маркази матбуот) ин ҳамоҳанг намудани робитаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ бо аҳли ҷомеа ва васоити ахбори омма ба ҳисоб меравад. Инчунин, фаъолияти Маркази матбуот дар ҳамкории зич бо раёсату шуъбаҳо ва хадамоти алоҳидаи Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, ҷузъу томҳо, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар корхонаву идораҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон, Маркази матбуот дар доираи ваколати худ бо раёсату шуъбаҳои марбути Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, радио, телевизион, матбуоти даврӣ ва корхонаву муассисаҳои табъу нашр ҳамкорӣ менамояд.
Дар доираи фаъолияти рӯзмарра, Маркази матбуот аз бурду бохти ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ маълумот ҷамъ оварда, хабарҳои воқеиро омода месозад ва дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати мудофиа ба аҳли ҷомеа, ВАО ва дигар истифодабарандагони он маводи иттилоотии соҳавиро пешниҳод менамояд. Илова бар ин, Маркази матбуот вобаста ба самти фаъолияти худ, фазои иттилоотии ҷомеаро доимо таҳти назорат қарор дода, дар мувофиқа бо вазири мудофиа ва ё бо ширкати бевоситаи ӯ, инчунин бо ҷалби дигар шахсони масъули Вазорати мудофиа, конфронсҳои матбуотӣ, суҳбату вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои соҳавиро ташкил менамояд.
Дар сурати паҳн гардидани маводи аз ҳақиқат дур, дар воситаҳои ахбори омма, Маркази матбуот вобаста ба фаъолияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи саривақтӣ зоҳир карда, баҳри воқеъбинона инъикос намудани маводи иттилоотӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.
Инчунин, Маркази матбуот, оид ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва нақши он дар ҳимояи дастоварду музаффариятҳои Истиқлоли миллӣ, сохти кониститутсионӣ, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ, иродаи қавӣ ва роҷеъ ба бурду бохти ҳамарӯзаи низомиёни кишвар барномаҳои телевизионӣ, нашри маҷаллаву рӯзномаҳо, хабару гузоришҳо, фишурдаи матбуотӣ, видеофилмҳои мустанад ва дигар маводи иттилоотиро, ки аҳамияти ҳарбӣ-сиёсӣ ва фарҳангиву фароғатӣ доранд таҳия намуда, онро дар ВАО инъикос менамояд.