Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ- ОМИЛИ АСОСИИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.12.2021
in Хабар
0
СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ-  ОМИЛИ АСОСИИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ
0
SHARES
206
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мусаллам аст, ки дар ибтидои асри XXI, инсоният ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гардида, ҳар лаҳза таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм ба мушоҳида мерасад.  Пӯшида нест, ки мушкилоти терроризму экстремизм ва радикализми динӣ кишварҳои рӯйи оламро нигарон намуда, имрӯз ба як проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Маълум  аст, ки  гурӯҳҳои ифротӣ аз  паст будани сатҳи дониши динӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии баъзе аз афроди ҷомеа истифода намуда,  бо ин васила нақшаҳои ғаразноки худро дар амал татбиқ менамоянд. Тибқи таҳлилҳои коршиносону муҳаққиқони масоили динӣ, гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҷараёнҳои экстримистию террористӣ дар амалӣ намудани нақшаҳои худ, пеш аз ҳама, ҷавононро мавриди  ҳадаф қарор дода, ин қишри ҷомеаро ба гумроҳию ҷаҳолат раҳнамун месозанд.  Чунки миёни ин гурӯҳ нафароне ҳастанд, ки аз ҷиҳати ирода, шуурнокӣ ва фаҳмиши масоили динӣ ноустуворанд.

Илова бар ин, ташвиқоти терроризму экстремизм ва радикализми динӣ асосан тавассути сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар роҳу усули ҷалби ҷавонон сурат гирифта, аз номи ислом амалҳои террористӣ анҷом дода мешавад. Мутаассифона, амалҳои террористиву экстремистӣ дар бисёр ҳолатҳо аз номи дини мубини ислом амалӣ гардида, барои паст намудани ин дин абарқудратҳо тамоми роҳу воситаҳоро истифода менамоянд. Имрӯз дар тамоми кураи олам ҳизбу ҳаракатҳои зиёде фаъолият намуда, ба кору амалҳои ношоиста машғуланд ва  бо ҳамин васила мехоҳанд, исломро бадном созанд. Албатта, дини мубини ислом бо ин бузургиву беназирӣ ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Ислом роҳи саодату наҷот, роҳат, осоиш ва хориҷшавӣ аз зулмот буда, дар асоси муҳаббату садоқат, меҳрубониву вафодорӣ арзи вуҷуд дорад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин покию тозагӣ, таровати мушкбез ва накҳати нотакрорро олудаи нафс намуда, бо таблиғи иғвогарона теша ба решаи ислом занад.

Мутаасифона, нооромӣ ва ҷангу муборизаҳои мазҳабӣ на танҳо хисороти зиёди иқтисодӣ, балки талафоти ҷониро ба бор оварда, кишварҳоро барои садсолаҳо аз пешрафт бозмедорад.

Вайрону валангор намудани объектҳои махсусан муҳим, оташ задани манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти таърихӣ, куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, тахдиди куштан, ғасб намудани ҳокимият ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷумлаи кору амалҳои созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистист.

Мебояд гуфт, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд ба таҳдидҳои мазҳабию фарҳангии ҷаҳони муосир муқобилият нишон дода, ба Ватану миллат содиқ буданашро бо анҷоми амалҳои нек, кору рафтори ҳамидаи инсонӣ собит намуда, нисбат ба Ватан ва модар эҳтироми махсус доштанашро зоҳир намояд.

Албатта, дурусту ба таври воқеӣ  таҳлил намудани ҳодисаҳои даҳшатафкани давлатҳои ҷангзада, амалҳои номатлубу ғайриинсонии  равияву ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди солимфикру худогоҳ ва худшинос бо шукргузорӣ аз оромию осудагии диёри азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол  барои фардои дурахшони Ватан заҳмат кашад.

Азимҷон БАДАЛОВ,

рӯноманигор

 

Previous Post

НАҚШИ ОСОРХОНАҲО ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Next Post

ОМОДАГИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОМӮЗИШ ДАР АРТИШ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОМОДАГИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ   БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОМӮЗИШ ДАР АРТИШ

ОМОДАГИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОМӮЗИШ ДАР АРТИШ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj