Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

СОЛИ ХОНИШ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.01.2023
in Хабар
0
СОЛИ ХОНИШ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
72
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Аз аввали моҳи январи соли 2023 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми омӯзиш ҷараён дорад.

Ба ин муносибат, дар Вазорати мудофиаи мамлакат, раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дар тамоми ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳурӣ ҷамъомаду машғулиятҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Ба ҷамъомаду машғулиятҳои даври якуми омӯзиш, муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо, сардорон ва ҳайати шахсии раёсату шӯъбаҳо ва хадамотҳои алоҳидаи Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомӣ, афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ хизматчиёни ҳарбии ҳама сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб карда мешаванд.

Аз ҷумла, чанде қабл дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун ба мисли дигар сохторҳои зертобеи он, ҷамъомади тантанавӣ бо садои Суруди миллӣ, баромади ҳайатҳои роҳбарӣ ва ба саҳми ҳозирин расонидани нақша-чорабиниҳо ва талаботи фармоиши вазири мудофиа вобаста ба ташкилу баргузории даври якуми омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифт.

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Абдулҳошим Ғуломзода, зимни баромади худ, оид ба натиҷагирӣ аз давраҳоии омӯзишӣ дар соли сипаригашта ва ҳадафу моҳияти мавзӯъҳои ба машғулиятҳои даври якум пешбинигардида, изҳори назар кард ва аз хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо муносибати ҷиддиро дар самти омӯзишу аз бар намудани таълимоти ин давр талаб намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва оид ба авзои мураккаби  ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва вазъи ноустувору зудтағийрёбандаи ҷаҳони муосир, имрӯз аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ тақозо менамояд. Зеро, тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ба сатњи баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад.

Сипас, аз ҷониби масъулини раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ фармоиши вазири мудофиа дар бораи ташкили тайёрии ҷангӣ, тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2023 расонида шуд.

Чунин чорабиниҳои тантанавӣ ҳамзамон аз аввали моҳи январ дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои низомӣ ва ҷузъу томи тобеи навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бо ташкили ҷамъомаду машғулиятҳои дарсӣ, намоиши нуқтаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ки барои нимсолаи якуми омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ду давраи хониш доир мегардад. Нимсолаи якуми соли хониш аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то моҳи июн идома меёбад, нимсолаи дуюм бошад, аз моҳи июл шурӯъ гардида, дар моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Дар ҳарду давраи соли хониш, як моҳ таътил  дода мешавад, ки дар ин давра  хизматчиёни ҳарбӣ баҳри омода намудани синфхонаҳои таълимӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисию  сафороӣ, варзишӣ ва умуман барои пурра мутобиқ намудани пойгоҳҳои моддӣ-таълимӣ машғул мешаванд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Previous Post

ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМИИ САРДОРОНИ СИТОД

Next Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj