Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

СОЛИ СИПАРӢ-СОЛИ ПУР АЗ НАВГОНӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.01.2024
in Хабар
0
СОЛИ СИПАРӢ-СОЛИ ПУР АЗ НАВГОНӢ
0
SHARES
188
VIEWS
Share on Facebook

Баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат аз тайёрии ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагии зиёд дошта, ин масоил доимо дар маркази диққати ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ қарор дорад. Бо ин мақсад, дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи кишвар фаъолият ва бурду бохти Қувваҳои Мусаллаҳ дар соли 2023 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, нақшаву дурнамои фаъолияти минбаъдаи ин ниҳоди қудратӣ барои соли 2024 муайян ва мушаххас карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, Агентии таъминоти амволи махсус, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Сарпрокурори ҳарбӣ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар масъулини дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз сардори Ситоди генералии Қувааҳои Мусаллаҳ ва муовинони вазири мудофиа дар назди ҳозирин бо маърӯза баромад карда, тамоми самтҳои фаъолияти соҳавии ин ниҳоди қудратиро дар соли 2023 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор доданд. Аз ҷумла, ҳолати омодабошии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сатҳи тайёрии ҳарбиву ҷисмонии ҷузъу том, ҷалби мутахассисони варзидаи низомӣ, вазъи кунунӣ ва ҳолати нигаҳдории силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ, техникаҳои ҷангӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ аз масъалаҳои асосӣ ва муҳиму баррасишавандаи ҷаласа ба ҳисоб мерафт.

Дар ин радиф қайд карда шуд, ки соли сипаригашта, бо назардошти таҷлил аз ҷашни 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, соли хотирмон ва пур аз навгониҳо ба шумор меравад. Чунки бо вуҷуди баъзе аз монеаву мушкилоти мавҷуда, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ, сохторҳои зертобеи он, ҷузъу томи навъи қўшунҳо ва дигар қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа тавонистанд, ки дар фаъолияти соҳавӣ корҳои зиёдро амалӣ карда, нақшаи тасдиқнамудаи соли сипаригаштаро ба пуррагӣ иҷро намоянд ва бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбӣ дошта ва дигар шароити заруриро дар доираи созандагиву бунёдкорӣ мавриди баҳрабардории ҳайати шахсӣ қарор диҳанд.

Дар ин замина, бо мусоидати раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва бо ҷалби низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ машққҳои муштараки васеи низоӣ ва бозиҳои ҳарбии сатҳи байналмилалӣ ташкилу ба роҳ монда шуда, дар самти боз ҳам тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ роҳу усулҳои наву муосири ҳарӣ роҳандозӣ гардиданд. Илова бар ин, зикр карда шуд, ки дар давоми соли сипаригашта, аз  ҷониби гурӯҳҳои таъсисёфта, дар доираи баргузории машғулиятҳои гуногуни саҳроӣ, аслҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҳарбӣ, техникаҳои ҷангиву автомобилӣ ва ҳолати коршоямии тамоми силоҳу муҳиммоти низомӣ, мавриди санҷиши пурра қарор дода шудаанд ва камбудиву норасоиҳои ошкоршуда дар ин самт дар мӯҳлатҳои муайян бартараф гардидаанд.

Баъд аз таҷлили ҳамаҷонибаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарияти Вазорати мудофиа доир ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, бо натиҷагирӣ аз бурду бохти раёсату шӯъбаҳо, таҳким бахшидану баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азизро яке аз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи хизматии тамоми шохаҳои ин ниҳоди қудратӣ баён дошт. Илова бар ин, қатъӣ дастур дода шуд, ки бо масъулияти баланду омодагии ҳамаҷониба, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истқлолияти давлатӣ, чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар тадбирҳои лозимиро дар фаъолияти ҳамарўзаи хизматии худ роҳандозӣ намоем.

Дар идомаи вазифагузорӣ пешниҳод карда шуд, ки ҳайати шахсии Вазорати мудофиа дар соли 2024 таҳти шиори “Таъмини амнияти миллату давлат ва ҳифзи марзу буми Ватан рисолати касбии мост” фаъолияти соҳавии худро дар амал татбиқ намоянд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои муҳими соҳавӣ ва зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ ва фаъолияти Вазорати мудофиа, Котиби Шўрои амнияти ҷумҳурӣ  дар навбати худ вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаҳои Шўрои амният муҳокима мегарданд, фаъолияти ин ниҳоди қудратиро дар соли сипаригашта хубу хотирмон арзёбӣ намуда, оид ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир ва боз ҳам вусъат бахшидани омодабошии ҷангии ҷузъу том ибрози назар кард ва дар доираи ислоҳоту азнавсозӣ, амалишавии нақшаву дурнамои Артиши миллиро вобаста ба муҷаҳҳаз намудан бо техникаву лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Дар охири ҷаласа командирони бригадаҳо ва полку баталионҳо, ки соли 2023-ро бо нишондиҳандаҳои хубу назаррас ва ҳамаҷонибаи хизматӣ ҷамъбаст намуда, дар мусобиқаи умумиҳарбӣ ғолиб омада буданд, бо фармоиши роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дар доираи ҳавасмандгардонӣ, онҳо бо сипоснома, Байрақи сайёри Вазорати мудофиа ва бо дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

полковник

Previous Post

КОРРУПСИЯ-МОНЕА БА СУБОТУ ОРОМИИ МАМЛАКАТ

Next Post

РИСОЛАТИ МУҲИМИ СИТОД ДАР ЗАМОНИ ҶАНГ ВА ОСОИШТА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РИСОЛАТИ МУҲИМИ СИТОД ДАР ЗАМОНИ ҶАНГ ВА ОСОИШТА

РИСОЛАТИ МУҲИМИ СИТОД ДАР ЗАМОНИ ҶАНГ ВА ОСОИШТА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook