Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

СОЛИ ПУР АЗ КОМЁБӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.02.2024
in Хабар
0
СОЛИ ПУР АЗ КОМЁБӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ ҲАРБӢ
0
SHARES
175
VIEWS
Share on Facebook

Дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиа бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратии кишвар, намояндагон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон, афсарони Дастгоҳи мараказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, маросими ҷоизасупории варзишгарони Вазорати мудофиа баргузор гардид. Дар оғоз вобаста ба масъалаҳои дахлдор дар самти оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони соҳа, ки он дар партави таваҷҷўҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, вазири мудофиаи мамлакат баромад намуда, бо изҳори хушнудӣ аз муваффақияту дастовардҳои арзандаи варзишгарони Вазорати мудофиа қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овардааст. Аз ҳамин ҷост, ки варзишгарони тоҷик пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар арсаи байналмиллалӣ давлату миллати хешро муаррифӣ менамоянд. Албатта, ин шарафу ифтихори ҳар як фард пеш аз ҳама мо низомиёни мамлакат мебошад. Ҳамзамон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва варзишгарони муваффақи кишвар низ бо изҳори назар зикр карданд, ки нишондодҳо собит месозанд: шароит ва имкониятҳои бошишгоҳи Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа сол аз сол беҳтар гашта истодаанд. Бо ноил гардидан ба ҷойи ифтихорӣ дар мусобиқаҳои сатҳи баланд умедворем, ки дастаҳои варзишии Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа боз ҳам бештар талош варзида ин роҳи пурифтихорро идома медиҳанд ва дар соли 2024 ба комёбиҳои нав ба нав сазовор мегарданд.

Бояд тазакур дод, ки чун дигар бахшу соҳаҳои фаъолият дар Артиши миллӣ соли 2023 барои варзишгарони Вазорати мудофиа, хоса Клуби марказии варзиши артиш ба мисли солҳои қаблӣ соли бобарор ва пур аз дастоварду комёбиҳои арзандаи варзишӣ арзёбӣ мегардад. Зеро, варзишгарони артиш давоми соли сипаригардида дар 14 мусобиқаи шаҳрӣ, 24 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба нишондодҳои назарраси варзишӣ ноил гардидаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии медалҳои ба даст овардаи варзишгарон дар соли сипаригашта ба 95 адад баробар мебошад, ки албатта, ин аз рушди бемайлони варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ дарак медиҳад.

Агар ба фаъолияти футболбозони Клуби марказии варзиши артиш дар соли 2023 назар кунем, месазад таъкид намоем, ки дар соли сипаригардида онҳо сазовори Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ва якум гардида, ҳайати дастаи ҷавонони кулуби мазкур бошад дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ мақоми аввалро ишғол намудаанд.

Воқеан, варзиш ё худ тарбияи ҷисмонӣ ба ҳар як шахс агарчӣ омили асосии беҳдошти вазъи саломатӣ маҳсуб дониста шавад, он барои хизматчиёни ҳарбӣ ҳам дар самти ҳифзи солимӣ ва пеш аз ҳама асоси дар сатҳи баланди омодабош нигоҳ доштани ҳайати шахсиро ташкил медиҳад. Аз ин сабаб, дар Артиши миллӣ ба варзиш ва ҳама машғулиятҳои ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат ва бо мақсади густариш додани навъҳои варзиш дар артиш, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ инфрасохтори соҳаи варзиш дар пойгоҳи тамоми ҷузъу том, новобаста аз самти фаъолияташон мутобиқ ба талаботи давру замон фароҳам оварда шуда, афсарону сарбозон бо иншооти муосири соҳавӣ, толору майдончаҳо ва шаҳракҳои варзишӣ таъмин мебошанд.

Вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти худ афсарони Клуби марказии варзиши артиш давоми соли сипаригардида аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба санҷиши омодагии ҷисмонӣ қабул намуда, ҷиҳати сайқали маҳорати касбии афсарони самти варзиш ва тайёрии ҷисмонии қисмҳои ҳарбӣ бошад, зимни ҷамъбасти ҳар як давраи таҳсил дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷамъомадҳои методӣ-таълимро ба роҳ мондаанд.

Умуман, бо ширкати фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, ташкилу баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ва таҷлил аз 20- соли фаъолияти бобарору пурсамар ва ноил гардидан ба нишондодҳои назарраси варзишӣ, соли 2023 барои варзишгарони Вазорати мудофиа, алалхусус ҳайати шахсии Клуби марказии варзиши артиш ва мураббиёну варзишгарони он, соли хотирмону фаромӯшнопазир ба ҳисоб меравад.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

Previous Post

ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ДАР САМТИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ АҚИБГОҲӢ

Next Post

ВОХӮРИИ МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ВОХӮРИИ МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

ВОХӮРИИ МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook