Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САҲМИ МУТАХАССИСОНИ ХУРДИ НИЗОМӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.06.2022
in Хабар
0
САҲМИ МУТАХАССИСОНИ ХУРДИ НИЗОМӢ  ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
234
VIEWS
Share on Facebook

Бо оғоз намудани хизмати ҳатмии ҳарбии худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбозон аз рӯйи ихтисос дар марказҳои таълимии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба таълимоти фанҳои дақиқи низомӣ ва омӯзиши навъҳои техника ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ фаро гирифта мешаванд.

Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард низ аз ҷумлаи онҳост,ки ҳамқадами Артиши миллӣ буда, он аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз дар омода кардани ҳазорҳо мутахассисони хурди низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон саҳми арзандаю назаррас дорад.

Ҳамасола сарбозон ба ин маркази таълимӣ тибқи эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб карда шуда, мувофиқи ҳунару маҳорат ва завқу хоҳишашон ба омӯзиши ихтисосҳои механик-ронада, танзимгар-нишонгир, муҳандис, минаҷӯ, нишонгир ва экипажи техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, танкистону тӯпчиён ва баҳри омода кардани дигар мутахассисони хурди низомӣ ҷалб карда мешаванд. Бо гирифтани маълумоти махсуси касбии низомӣ соҳиби шаҳодатнома гашта, дар сафи ҷузъу томи Вазорти мудофиа ва қисму воҳидҳои ҳарбии навъи қӯшунҳо хизмати масъулиятноки худро пеш мебаранд.  

Дар ин маркази таълимӣ ҷиҳати босамар гузаронидани дарсу таълимоти муқарраршуда, барои ҳар як гурӯҳ вобаста ба ихтисосашон аёниятҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизот ва техникаҳои навсохту замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, ки дар машғулиятҳои назариявӣ вобаста ба вазифа, иқтидор ва нақши ҳар як навъи техникаву аслиҳаи ҷангӣ афсарони ботаҷриба ба сарбозон маълумоти муфассал медиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мутахассисони хурди пиёданизом, аз ҷумла, ронандагону нишонгирони ин навъи техникаҳо  дар ин маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат омода карда мешаванд, ки масъулияти таълиму тарбия ва машғулиятҳои амалӣ-омӯзишии онҳоро афсарони ботаҷриба бар уҳда доранд. Ба қавли масъулин сарбозон дар муддати кӯтоҳи омӯзиш ҳамаи нозукӣ ва рондани чунин мошини вазнини ҷангиро аз худ менамоянд. Онҳо донишҳои касбии худро бо рондану идора намудан ва тирпарронӣ аз силоҳҳои ҷангии ин навъи техникаҳои ҳарбӣ дар машқгоҳҳои низомӣ боз ҳам ба таври васеъ такмил дода, онро минбаъд дар қисмҳои ҳарбӣ идома медиҳанд.

Дар Маркази таълимии Вазорати мудофиа сарбозон дар баробари оне, ки ба омӯзиши ихтисоси худ машғул мешаванд, инчунин аз ҷониби ҳайати роҳбарии қисми ҳарбӣ ба камолоти шахсиву ҷисмонӣ ва гузаронидани машғулиятҳои тактикиву оташфишонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. То ки ҳайати шахсӣ, натанҳо мутахасиси самти муайян, балки донандаи тамоми донишҳои ҳарбӣ ва ҳимоятгари воқеии марзу буми кишвар гарданд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки мутахассисони хурди омода намудаи  Маркази таълимии Вазорати мудофиа имрӯз дар сафи ҷузъу том дар баробари афсарон фаъолияти босамар дошта, ҳунари омӯхтаи худро дар амал тадбиқ ва ба ҳамсафон меомӯзонанду баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дифои якпорчагии Ватани маҳбуб талош мекунанд.

Вобаста ба  шароиту имконоти фароҳамбуда ҳаминро бояд зикр намуд, ки имрӯз барои ҳайати шахсӣ чун дигар қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ин Маркази таълимӣ  низ синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, нуқтаи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои хизмативу майишӣ фароҳам оварда шудааст. Албатта, он имкон медиҳад, ки афсарону сарбозон дарсу таълимоти низомӣ ва хизмати ҳарбии худро содиқонаву сарбаландона пеш баранду бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба омӯзиши ҳама нозукиву махсусиятҳои хизмати пешбинигардида машғул шаванд.

БОҚӢ  ШАРИФЗОДА,

майор

Previous Post

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»

Next Post

САВГАНДИ ҲАРБӢ-НИШОНАИ САДОҚАТУ ҶАВОНМАРДӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САВГАНДИ ҲАРБӢ-НИШОНАИ САДОҚАТУ ҶАВОНМАРДӢ

САВГАНДИ ҲАРБӢ-НИШОНАИ САДОҚАТУ ҶАВОНМАРДӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook