Дар ноҳияи Тоҷикобод машқҳои таълимии омодагӣ ба мудофиаи ҳудудӣ бо иштироки сокинон, сохторҳои давлатӣ ва техникаву воситаҳои хоҷагии халқ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботҳои амалкунанда роҳандозӣ карда шуд.

Ҳадафи асосии баргузории машқҳо баланд бардоштани сатҳи омодагии шаҳрвандон ба ҳифзи истиқлолу озодии кишвар, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷавонмардони ноҳияи Тоҷикобод тибқи супоришномаи комиссариати ҳарбии ноҳия дар вақти муайяншуда барои иштирок дар ҷамъомад ҳозир шуданд. Варзишгоҳи марказии ноҳия бо парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои ватандӯстона намои идона дошт.

Дар рафти чорабинӣ техникаву воситаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо тартиби муайян ҷобаҷо гардида, ҳайати шахсии шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта ҳамчун ҳомиёни Ватан сафороста буданд.

Масъулини роҳбарикунандаи машқҳои таълимӣ аз ҳисоби намояндагони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ташкилу баргузории ҷамъомадро мавриди санҷиш қарор дода, ҳамзамон бо омодагии ҳарбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон аз наздик шинос гардиданд.

Зимни суҳбату вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки ҳифзи сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардум дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар ҳисси баланди масъулият ва омодагӣ ба ҳимояи Ватанро талаб менамояд.

Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо нишонаи омодагии сокинон барои иҷрои рисолати муқаддаси ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат мебошанд.

Барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои мудофиавӣ як қатор шаҳрвандон ва волидайни сарбозон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар анҷоми ҷамъомад бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлативу қудратии ноҳия ҷаласаи корӣ баргузор гардида, вобаста ба натиҷаҳои машқҳои таълимии мудофиаи ҳудудӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.






