Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.08.2026
in Хабар
0
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
0
SHARES
34
VIEWS
Share on Facebook

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати санҷиш ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ҷамъ омадани сокинони ватандӯсти ноҳияи Ҳамадонӣ, ки аз субҳи барвақт дар макони муқарраргардида ҳозир шуда буданд, оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки дар арафаи таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ ин ҳамбастагиву масъулиятшиносии сокинон далели равшани он аст, ки онҳо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ободониву созандагии ватан ҳамеша омода буда, дар роҳи ҳифзу ҳимояи истиқлолу озодӣ садоқатмандона хизмат хоҳанд намуд.

Дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини сохторҳои қудратӣ ва кормандони дигар ташкилоту идораҳои дар ноҳия фаъолиятдошта иштирок намуда, инчунин теъдоди муайяни техникаву таҷҳизоти хоҷагии халқ дар макони баргузории чорабинӣ ҷамъ оварда шуданд.

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул дар маҳалли ҷамъшавии ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва техникаву воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ бо иштирокчиён мулоқот анҷом дода, сатҳи омодабошии онҳо ва иҷрои чорабиниҳои пешбинишударо мавриди санҷиш қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандоне, ки пас аз гирифтани даъватномаи комиссариати ҳарбӣ сари вақт ба нуқтаҳои муайяншуда ҳозир гардидаанд, барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ҷиҳати иҷрои қарзи шаҳрвандӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, омодасозии захираҳои сафарбарӣ ва рушди низоми мудофиаи ҳудудӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор дошта, маҳз бо чунин рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва азми қавии шаҳрвандон метавон истиқлолият, тамомияти арзӣ, амният ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳар гуна хавфу таҳдидҳои эҳтимолӣ ҳифз намуд.

Дар навбати худ сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ иброз доштанд, ки ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот ва хизмати содиқона ба давлату миллатро вазифаи муқаддаси худ дониста, ҳамеша барои иҷрои ин рисолати пуршараф омода мебошанд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор афсарони эҳтиётӣ бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуда, инчунин чанде аз падару модароне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати содиқона адо менамоянд, барои саҳмашон дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ бо сипосномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Сипас, ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудии ноҳия ташкил гардида, бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиа, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ масъалаҳои марбут ба ташкили мудофиаи ҳудудӣ, омодагии ҳайати захираҳои сафарбарӣ, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои масъул ва истифодаи самараноки қувваю воситаҳои дар ихтиёрбуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Previous Post

АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Next Post

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

08.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

06.08.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

06.08.2026
АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

01.08.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook