Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат дар ноҳияи Шаҳринав машқҳои мудофиаи ҳудудӣ ва санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид.

Нахуст, дар толори Комиссариати ҳарбии ноҳия ситоди мудофиаи ҳудудӣ ташкил гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба мудофиаи ҳудудӣ, ҳамкории сохторҳо бо аҳолӣ ва истифодаи дурусти техникаву таҷҳизот аз ҷониби ҳайати захираҳои сафарбарӣ мавриди муҳокима ва таҳлил қарор дода шуданд.

Чорабинии мазкур бо иштироки шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва захираҳои сафарбарӣ доир гардида, ҳадафи асосии он санҷиши сатҳи омодагии шаҳрвандон ва воситаҳои мавҷуда барои амал намудан дар шароити махсус арзёбӣ мегардад.

Зимни суҳбату вохӯриҳо масъулини чорабинӣ таъкид намуданд, ки ҳифзи Ватан, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баргузории чунин машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии сафарбарӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва такмили ҳамоҳангии сохторҳои масъул аҳамияти муҳим дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари сокинон техникаву воситаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ ҷамъ оварда шуда, ҳолати омодабошии онҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар рафти машқҳо сатҳи омодагии шаҳрвандон, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва техникаҳои ҷалбгардидасанҷида шуда, масъалаҳои вобаста ба ташкили чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ ва иҷрои вазифаҳои вобаста ба таъмини амнияти давлат баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор шаҳрвандони фаъол ва волидайни сарбозон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ сипосномаҳо тақдим гардида, ба иштирокчиён барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаашон изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.






