Дар ноҳияи Нуробод машқҳои таълимии мудофиаи ҳудудӣ бо қабули ишораи таълимии бонги хатар оғоз гардида, пас аз тасдиқи он чорабиниҳои хабардоркунии аъзои ситод ва шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шуданд.

Сокинони ноҳия дар муҳлати муайяншуда ба макони баргузории ҷамъомад–варзишгоҳи марказӣ ҳозир шуда, бо омодагии ҳамаҷониба дар чорабинии мазкур иштирок намуданд. Омодагии саривақтӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо ҳамчун нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ арзёбӣ гардид.

Шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ саф ороста, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи амнияту субот ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум нишон доданд. Зикр гардид, ки онҳо дар баробари корҳои ободониву созандагӣ, ҳамзамон барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат низ омода мебошанд.

Ҳамзамон, дар маҳалли баргузории машқҳо теъдоди зиёди техникаву воситаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷамъ оварда шуда, ҳолати омодагии онҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳайати роҳбарии машқҳои таълимӣ зимни боздид ва суҳбат бо ҳайати шахсӣ таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин машқҳо санҷиши сатҳи омодагии нерӯҳои захиравӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар ҳудуди ноҳия мебошад.

Зикр гардид, ки вазъи мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, то шаҳрвандон ҳамеша зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ҳифз намоянд.
Таъкид карда шуд, ки чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, то сокинон аз равандҳои ҷаҳонӣ огоҳ гардида, дар ҳама ҳолат барои ҳимояи Ватан ва таъмини амнияту субот омода бошанд.

Ҳамзамон, ноҳияи Нуробод дар баробари ташкили намунавии чунин чорабиниҳо, дар иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ низ мавқеи пешсафро ишғол менамояд.

Дар фарҷоми ҷамъомад як қатор иштирокчиёни фаъол ва падару модарони сарбозон барои саҳмгузорӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.






