Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САНҶИШИ ОМОДАБОШИИ НЕРӮЮ ВОСИТАҲОИ ҲУДУДӢ ВА ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯҲОИ АЙНИВУ КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ ВА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.08.2025
in Хабар
0
САНҶИШИ ОМОДАБОШИИ НЕРӮЮ ВОСИТАҲОИ ҲУДУДӢ ВА ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯҲОИ АЙНИВУ КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ ВА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
0
SHARES
115
VIEWS
Share on Facebook

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастовард барои давлат ва мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар ин давраи таърихӣ кишвари азизи мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу арзанда ноил гардидааст. Бо самимияту сарфарозӣ метавон зикр кард, ки шаҳрвандон бо масъулият ва ифтихору ғурури миллӣ барои арҷгузорӣ ба ин ҳама дастоварду музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан доимо омода мебошанд.

Бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ дар ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Масчоҳ ва шаҳри Панҷакент ҳама бо тантанаву шодӣ аз меҳри бепоёни худ нисбат ба Ватан мегуфтанду садоқати худро дар ин роҳи пуршараф нишон медоданд, зеро онҳо сарҷамъона ва бо рӯҳияи садоқату сарсупурдагӣ дар ҷамъомадҳои омодагӣ ба мудофиаи ҳудудӣ иштирок намуда, иброз доштанд, ки чун имрӯз ҳамеша дар сафи мардони муҳофизи Ватан қарор доранд ва баҳри ҳимоя аз шаъну шарафи ҳамватанони хеш дар ҳама гуна вазъият омода мебошанд.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Масчоҳ ва шаҳри Панҷакент, ҳамзамон дигар шахсони масъул бо ҳайати шахсии сафороста ва қувваҳои эҳтиётии Артиши миллӣ дар ин шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз наздик сӯҳбат намуда, бо ҳолати омодагӣ, донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи тайёрии ҳарбии онҳо шинос гардиданд.

Зимни суханронии худ дар назди ҳозирин масъулин аз натиҷаҳои ба даст омада дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва омодагӣ ба сафарбарӣ, ки чунин чорабиниҳо тибқи нақша давоми сол тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ намуда, ин омилро нишонаи возеҳи омода будани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба иҷрои вазифаи конститутсионӣ ва дарки рисолати фарзандӣ дар назди Модар-Ватан арзёбӣ карданд.

Умуман, дар ин чорабинии баргузоргардида сокинон аз ҳама қишри ҷомеа ва ҳаттто даъватшавандагони даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ, ки аз якуми октябр ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд, ширкат варзида, бо ифтихори ҷавонмардона ва ҳамчун сарбозони содиқи Ватан шурӯъ аз ин рӯз омодагии худро барои хизмат ба халқу Ватан собит намуданд. Аз иштироки ин гурӯҳи ҷавонон дар ҷамъомадҳои мазкур сокинони сарбаланди ин шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сарбаландӣ қайд карданд, ки мо ифтихор дорем, ки чунин фарзандони содиқу далери Ватан ба камол мерасанд ва ба ҳифзи Истиқлолу амният ва суботи давлат омода мебошанд.

Сокинони касбу кори гуногун ва шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта аз рӯйи ихтисосҳои ҳарбии худ тибқи қойида ва талаботи низомномаи ташкили ҷамъомади мазкур ҷобоҷагузорӣ карда шуда, майдони баргузории чорабиниҳоро ба як машқгоҳи ҳарбии таълимӣ табдил доданд. Дар воқеъ, ин ғурур аст, ифтихору шараф аст, ки дар рӯҳияи ҳар як иштирокчӣ ҳувайдо буд ва омодагии онҳоро дар ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва фазои сулҳу субот нишон медод.

Дар рафти ҷамъомадҳо бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкиму тақвият бахшидани қобилияти мудофиавии мамлакат ва дар дар ин замина таъмини ҳаёти орому осоиштаи сокинон ҳайати роҳбарии ҷамъомади навбатӣ қайд карданд, ки ҳамаи моро зарур аст ҳар порча хоки поки ин сарзаминро барои осоиштагии насли даврони Истиқлол мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва дар ҳимояи марзи муқаддаси он дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ саҳмгузор бошем.

Албатта, дар бақову пойдории давлату давлатдории миллӣ, ҳимояи дастоварду музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ, ки дар остонаи 34-умин солгарди ин ҷашни бузурги миллӣ қарор дорем, саҳми ҳар яки мо ҳамчун ҳомиёни Ватан бояд назаррас бошад.

Даъватшавандагон ва он падару модароне, ки айни ҳол фарзандонашон ба ҳайси сарбоз дар сафи Артиши миллӣ хизмат менамоянд бо сипосномаҳои Вазорати мудофиа ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷамъомадҳои мазкур бо таҳлили масъалаҳо дар самти санҷиши омодагии захираҳои сафарбарӣ, омодагии шаҳрвандон ба мудофиаи ҳудудӣ ва ташкили бомароми чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон дар даъвати тирамоҳӣ дар ситодҳои минтақавӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

 

      Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

 

Previous Post

БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ “ДӮСТӢ-2025”

Next Post

32 СОЛ ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
32 СОЛ ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТ

32 СОЛ ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook