Ҳамзамон ҷиҳати санҷиши омодабошии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо ишораи таълимии бонги хатар бархезонида шуданд.

Баъд аз гузориши комиссари ҳарбии ноҳия сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон ва дигар аъзоёни ситод аз варзишгоҳи марказии ноҳия , ки шумораи зиёди шаҳрвандон ҷамъ омада буданд, боздид намуданд.

Масъулин зимни суханронӣ доир ба таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар ба соҳаи мудофиаи ҳудудӣ ибрози назар намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Роҳбарият ва аъзои ситод аз дарки баланди масъулиятшиносии сокинон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои иштироки фаъолонаашон сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд қайд намуд, ки сокинони шарафманди ноҳияи Шоҳмансур дар рушду пешрафти кишвар саҳми назаррас гузошта, ҷашни бузурги миллӣ-35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо корҳои муҳими созандагиву бунёдкорӣ таҷлил намуданд.
Шаҳрвандони ноҳия ҳамзамон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ низ фаъолона ширкат меварзанд.

Илова бар ин, дар ҷараёни ҷамъомад масъулини фаъол ва волидайни намунавӣ бо сипосномаву ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Баъд аз баргузории ҷамъомад бо иштироки масъулин дар ситоди ноҳия ҷаласа доир карда шуд. Зимни баргузории ҷаласа масъалаҳои омодагии ҳамешагии шаҳрвандон ба ҳифзу ҳимояи меҳан ва дигар ҷанбаҳои муҳими самти санҷиши омодабошии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.






