Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САНҶИШИ ОМОДАБОШИИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ВА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.12.2025
in Хабар
0
САНҶИШИ ОМОДАБОШИИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ВА НОҲИЯИ РӮДАКӢ
0
SHARES
42
VIEWS
Share on Facebook

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Сокинони шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарк ва муҳиммияти ин масъала ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар рушду шукуфоии кишвар аз худ саҳми босазое гузошта, масъулияти фарзандиву шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан содиқонаву софдилона адо намоянд.

Ин аст ки имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Артиши миллӣ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ доир карда шуд. Сокинони ҷинси марди аз 18 то 55- солаи ин шаҳру ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби меҳан бо гирифтани даъватнома аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзиданд.

Зимни баргузории чорабинӣ дар баробари шумораи зиёди шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ҳамзамон сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Ҳайати иштирокчиён зимни шиносоӣ бо сокинон, ки ҳар кадом вобаста ба ихтисосҳои низомию соҳавии худ дар майдонҳои чорабинӣ ҷамъ омада буданд, суҳбат ороста, ба онҳо ҷиҳати иштирок дар чорабинӣ ва дарки баланди ватандӯстӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Бобоҷон Саидзода ва роҳбарияти минтақаи мудофиаи ҳудудии шаҳру ноҳияҳои болозикр зимни суханронии худ баргузории ин чорабиниро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки омодагии сафарбарӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, зеро устуворӣ, амният ва қобилияти муҳофизати кишвар аз сатҳи тайёрии кадрҳо, сохторҳо ва аҳолӣ вобастагии калон дорад. Баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ барои таъмин намудани ҳамоҳангӣ, дониш ва малакаҳои зарурӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор волидайни бомасъулият, ки фарзандонашон дар сафи Артиши миллии мамлакат садоқатмандона хизмати ҳарбиро пеш бурда истодаанд, сипоснома ва ба иштиркчиёни фаъол рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим карда шуд.

Ҷамъомадҳои мазкур бо таҳлили масъалаҳо дар самти санҷиши омодагии захираҳои сафарбарӣ, омодагии шаҳрвандон ба мудофиаи ҳудудӣ ва ташкили бомароми чорбиниҳои даъвати шаҳрвандон дар ситодҳои минтақавӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

 

Previous Post

ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ВА ИНЪИКОСГАРИ МАСОИЛИ ҲАРБӢ

Next Post

ОМӮЗИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОМӮЗИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

ОМӮЗИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook