Давоми ҳафтаи равон дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Артиши миллӣ, чорабиниҳои санҷиши қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бо қабули ишора ва тасдиқи он аз ҷониби роҳбарияти Вазорати муофиаи мамлакат оғоз гардид.
НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Ҷамъомади мазкур дар ноҳияи Муъминобод бо баррасии масъалаҳои марбут ба ин самт дар ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудии ноҳия, ки дар он масъулини мақомоти марбутаи давлатӣ ва сохторҳои ҳарбиву қудратӣ иштирок доштанд, роҳандозӣ карда шуд. Баъд аз анҷоми кори ситод дар ин ноҳия, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар шахсони масъул дар макони ҷамъомади ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ ва дигар қувваву воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ бо иштирокчиёен суҳбату вохӯрӣ анҷом дода, ба сокинон, ки бо гирифтани даъватномаи комиссариати ҳарбӣ саривақт ба нуқтаи таъйингардида ҳозир шудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Зимнан, таъкид карда шуд, ки маҳз бо чунин азму иродаи қавӣ ва меҳнати садоқатмандона дар роҳи дифо аз марзу буми аҷдодӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз, мо метавонем ҳамчун як қувваи бузург давлату миллати хешро аз ҳар гуна хавфу хатар ва таҳдидҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ дорему зиндагии ободу осоиштаи мардуми ин сарзамини муқаддасро таъмин намоем.
Сокинони шарафманди ноҳияи Муъминобод дар пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки омодагии ҳарбӣ ва тайёр будан ба хизмати халқу Ватанро аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар назди худ қарор дода, то охирин нафас ба Президент ва халқу Ватан содиқ мемонанд.
Зимни ҷамъбасту натиҷагирии чорабиниҳои санҷишии қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии ноҳияи Муъминобод як қатор афарону сарбозон эҳтиётӣ бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардорнида шуда, инчунин чанде аз падару модарон, ки айни ҳол фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳии мамлакат хизмат менамоянд, бо сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон низ бо қабули ишора ва ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ташкилу ба роҳ монда шуд.
Сокинони худогоҳ ташкили ин гуна чорабиниҳои ҳарбиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки иштирок дар ин гуна ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ имкони хуб аст, то ки ҳемаша барои ҳимоя аз якпорчагии Тоҷикистони азиз омода бошанд.
Ин амали ватандӯстона, ки онро сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро менамоянд, аз масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва худогоҳиву хештаншиносии ҳар як фарди диёр дарак медиҳад, таъкид карданад масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусалаҳи мамлакат. Дар ин замина, бояд зикр кард, ки зимни бургузории ҷамъомад дар ин ноҳия беш аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ва ҳудуди 400 техникаву воитаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷалб гардида буданд.
Дар макони ҷамъомади захираҳои эҳтиётии Артиши миллӣ дар ин ноҳия нуқтаҳои таълимӣ ҷиҳати бозомӯзии сохт ва таркиби силоҳҳои оташфишони ҷангӣ фароҳам оварда шуда, машғулиятҳои вобаста ба ин самт аз ҷониби мутахассисони соҳа ташкилу роҳандозӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор афарону сарбозони дар эҳтиётқарордошта бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва падару модарони сарбозон бошад бо сипономаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудии ноҳияи Восеъ чун дигар шаҳру ноҳияҳо ҳар як марҳилаи баргузории ин ҷамъомади ҳарбӣ, машғулиятои омодагии сафарбарӣ ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳа, аз ҷониби шахсони масъул мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Дар доираи нақша-чорабиниҳои санҷиши қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳрвандони синну соли эҳтиётии дар қайди комиссариати ҳарбӣ қарор доштаи ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав табқи ишора ва бо мақсади санҷиши ҳолати омодагӣ дар нуқтаҳои ҷамъшавии наздик ба маҳалли зисти захираҳои сафарбарӣ даъват гардида, бо истифода аз қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба машғулиятҳои таълимии омодагии сафарбарӣ ҷалб карда шуданд.
Ҳайати таъингардида дар ноҳияи Шаҳритус бо дарки муҳиммияти вазифаву уҳдадориҳои шаҳрвандии хеш ва иҷрои рисолати фарзандӣ дар назди халқу Ватан, саривақт ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ҳозиршуда, аз рӯйи ихтисосҳои низомии замони хизмат омӯхта ва дар ҳайати гурӯҳҳои ҷалбгардида ба он, саф оростанд.
Дар ҷамъомад нуқтаҳои гуногуни таълимиву намоишӣ ташкил карда шуда, дар баробари ҳайати таъйингардидаи захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, инчунин миқдори зиёди техникаҳои хоҷагии халқ ҷалб карда шудаанд.
Таҳкиму тақвият бахшидани қудрати дифоии мамлакат, ки доимо дар маркази диққати Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар робита ба ин, шахсони масъули Вазорати мудофиа зимни вохӯриву суҳбат бо шаҳрвандон таъкид карданд, ки ҳар яки моро зарур аст, бо хидмати садоқатмандона назди халқу Ватан дар таъмини сатҳи баланди омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорем.
НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ
Сокинони ноҳияи Носири Хусрав низ бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ даъвати мақомоти масъулро оид ба иштирок дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарии ноҳия бо амри дилу виҷдон пазироӣ намуда, дар вақту соати муайян, яъне саривақт дар нуқтаҳои таъингардида ҷамъ омаданд.
Албатта, ба чунин ҷамъомадҳои таълимӣ ҷалб гардидани қувваҳои эҳтиётӣ бори дигар онҳоро ҳушдор месозад, ки новобаста аз касбу фаъолияти корӣ омодагии ҳарбиро низ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар назди худ қарор дода, зимни баргузории чунин машғулиятҳои таълимӣ пайваста ширкат варзанд ва дар ин замина сатҳи донишҳои ҳарбӣ-сиёсии худро такмил диҳанд.
Масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ дар назди иштирокчиёни ин ҷамъомади аҳамияти муҳими мудофиавӣ дошта, таъкид карданд, ки бо назардошти вазъи ноором ва басо ҳам ҳассосу пешгӯйинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ҳар яки моро зарур аст аз ҳарвақта бештар худогоҳу зирак бошем, донишу ҷаҳонбинии ҳарбӣ-сиёсии худро мунтазам сайқал диҳем ва дар ҳолати пеш омадани зарурият якдилона дифо аз марзу буми аҷдодӣ ва ҳифзи дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиии меҳан намоем.
Дар воқеъ, бо иштирок дар ин гуна ҷамъомадҳои таълимии ҳарбӣ сокинон зарурият ва аҳамияти ташкилу баргузории онро ба хубӣ дарк намуда, ҳар яке бо ифтихору сарфарозӣ ва садоқати ҷавонмардона кӯшиш менамоянд, ки дар таъмини мудофиаи давлат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Ин нукта маврид ба зикри хос аст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ба ҷаъомад фаро гирифта шуда, сокинон бо шарафхонӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳти шиори “Тоҷикистон ба пеш” омодагии худро нишон доданд. Дар заминаи чунин омдагии сатҳи баланд баҳри ҳимоя аз марзу буми аҷдодӣ, онҳо бо қадамзаниҳои мутантану ифтихорбор паҳлу ба паҳлуи ҳамдигар гузашти низомӣ доир намудаанд.
Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник