Дар асоси нақша-чорабиниҳои санҷишии Вазорати мудофиа дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии сафарбарии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳафтаи сипаригардида чорабиниҳои мазкур бо иштироки сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ- муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб доир карда шуд.

Дар воқеъ, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният ва осоиштагии мардум вазифаи пурмасъулият ва дар айни замон бошарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Дар пайи иҷрои ин рисолат ва машғулиятҳои навбатии ҳарбӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиётқарордошта дар маркази маъмурии вилоят, шаҳри Хоруғ бо иштироки васеи сокинон, техникаҳои хоҷагии хадқ ва бо гузоштани хаймаҳои саҳроии тиббӣ ва наҷотдиҳии бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр доир карда шуд.

Масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва ҳайати роҳбарии машқҳои мазкур нахуст аз шароиту имкониятҳои фароҳам овардашуда дар ин майдон дидан намуда, бо иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ аз наздик суҳбат карданд.

Зимнан, масъулин бо вазифаву уҳдадориҳои қувваҳои эҳтиётӣ, ки дар ҳайати гурӯҳҳо саф оростанд, шинос гардиданд. Дар робита ба ташкилу баргузории чорабинии мазкур ба сатҳи тайёрии ҳарбӣ ва омодагии дифои захираҳои эҳтиётии Артиши миллӣ дар шаҳри Хоруғ низ бо назардошти донишу таҷриба, маҳорату малакаи касбӣ ва ҷаҳонбинии онҳо баҳогузорӣ карда шуд.

Масъулини Вазорати мудофиа дар баромади худ аз натиҷаи суҳбатҳо бо ҳозирин, омӯзиши ҳамаҷонибаи захираҳои сафарбарӣ ва ташкили чорабиниҳои санҷишӣ ёдовар шуда, ҳадафи баргузории чунин ҷамъомадҳои муҳими сиёсиро бедор намудани дарки баланди шаҳрвандӣ дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои масъулиятноки мудофиавии ҳар як фарди ҷомеа арзёбӣ карданд.

Сокинони ноҳияи Роштқалъа барои иштирок дар ҷамъомади таълимии омодагии мудофиавӣ, роҳи дуру дарози кӯҳистонро тай намуда, бо ҳозиршавии саривақтӣ дар макони муайянгардида ва анҷоми ин амали ватандӯстона садоқати худро дар назди Модар-Ватан нишон доданд ва исбот намуданд, ки фарзандони сазовору соҳибноми ин диёри маҳбуб ҳастанд.

Роҳбарияти машғулиятҳо аз Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин баромад намуда, таъкид карданд, ки вобаста ба ҳадафи ин ҷамъомад дар назди ҳар яки онҳо масъулияти бузург вогузор шудааст ва иштироки фаъолонаашон аз масъулиятшиносии ҳар як сокини ин ноҳияи дурдасти кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ин нуктаро масъулини ноҳия низ дар баромади худ қайд карданд ва таъкид доштанд, ки сокинони ноҳияи Роштқалъа бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти ҳифзу мудофиаи кишвари азизамон ҳамеша омодаи хизмат мебошанд.

Ҳадафи баргузории машқҳои таълимии мудофиаи ҳудудӣ дар ноҳияи Роштқалъа зимни баргузории кори ситод дар ин ноҳия муҳокима карда шуда, шахсони масъул дар самтҳои худ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

Чорабинии муҳими сиёсӣ дар ноҳияи Ишкошим дар мавзеи таърихиву сайёҳии “Қалъаи Ямчун” бо ифтихор аз таърихи гузашта ва музаффариятҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бо садо додани Суруди миллӣ таҳти навои оркестри нафасӣ, ки ин оҳангро хонандагони филилали мактаби санъати ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим иҷро намуданд, доир карда шуд.

Роҳбарияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳайати шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳия дидан намуда, бо шароити машқҳо ва сатҳи омодагии онҳо аз наздик шинос шуд.

Дар баромадҳои худ масъулин аҳамияти таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии сафарбарӣ ва масъулияти шаҳрвандонро дар ҳифзи Ватан махсус таъкид намуданд.

Як қатор фаъолон ва иштирокчиён барои масъулиятшиносияшон дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар бо ифтихорномву сипосномаҳои Вазорати мудофиа қадрдонӣ карда шуданд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Сатҳи баргузории машғулиятҳои таълимии мудофиаи ҳудудӣ ва натиҷагирӣ аз даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ситоди минтақавӣ муҳокима карда шуд.

Рӯзи охирини чорабиниҳои нақшавии омодагӣ ба мудофиаи ҳудудӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб баргузор гардид. Бо вуҷуди номусоидии обу ҳавои минтақа ва шароити душвори иқлимии ин ноҳияи баландкӯҳ сокинон бо масъулият ва садоқат ба халқу Ватан дар ин ҷамъомади ҳарбӣ иштирок доштанд.

Санҷиши омодабошии захираҳои сафарбарӣ дар ноҳияи Мурғоб боз як далели равшани масъулиятшиносӣ ва ҳушёрии шаҳрвандон нисбат ба ҳифзи сарзамини биҳиштосоямон, Тољикистони соҳибистиқлол мебошад.

Иштироки фаъолона ва ҳозиршавии саривақтии сокинон ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ нишон медиҳад, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва омодагӣ ба дифои марзу буми кишвар дар байни аҳолӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.

Чунин машқҳои таълимӣ, дар баробари санҷиши омодагӣ, инчунин барои таҳкими ҳамбастагӣ, интизом ва ҳамоҳангии њама қувваву воситаҳои сафарбарӣ аҳамияти муҳим доранд.
Масъулин дар суханрониҳои хеш таъкид намуданд, ки таъмини амнияту субот вазифаи танҳо як ниҳод набуда, балки масъулият ва уҳдадории ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Дар ин раванд саҳми ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси ҷомеа, назаррас мебошад. Бо роҳбарии оқилона ва ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мудофиаи давлат, сатҳи омодагии захираҳои сафарбарӣ боз ҳам баланд гардида, ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Масъулини ноҳия низ зимни баромади худ таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаи ҳифзи амнияту субот, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон ва татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишварро дар ин самт омили муҳими муваффақона баргузор гардидани чунин чорабиниҳо арзёбӣ намуданд.

Қадрдонии иштирокчиёни фаъол низ барои баланд бардоштани рӯҳияи масъулият ва ифтихори хизмат ба Ватан мусоидат мекунад, ки ин иқдом дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон амалӣ гардид.

Дар кори ситоди ноҳиявӣ, ки бо иштироки Сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор дар ноҳияи Мурғоб баргузор гардид, таъкид рафт, ки чунин тадбирҳо барои ҳифзи сулҳу субот ва рушди босуботи кишвар заминаи устувор фароҳам менамояд.

Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник





