Дар доираи машғулиятҳои даври якуми омӯзиш, ки аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, имрӯз дар машқгоҳи саҳроии “Фахробод”- и гарнизони Хатлон бо ҷалби афсарон ва ҳайати прапоршикии Дастгоҳи марказии Вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Муассисаи давлатии “Мадагори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои олии касбии мамлакат машғулиятҳои амалии тирпарронӣ доир гардид.

Тибқи талаботи доимӣ ва дар асоси меъёрҳои истифодабарии аслиҳаҳои ҷангӣ нахуст ҳайати шахсӣ бо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо силоҳ ва дар вақти тирпарронии ҷангӣ шинос карда шуданд. Сипас, ҳайати афсарону прапоршикони ҷалбгардида ба машғулиятҳои амалии санҷишӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар нуқтаҳои таълимии муайянгардида бо истифода аз силоҳҳои хурди оташфишон ва дигар аслиҳаҳои ҷангӣ тирпарронӣ доир намуданд.

Ба фарқ аз солҳои қабл дар майдони тирпарронӣ нишон ё ҳадафҳои муосири худкор насб гардонида шуда буд, ки натиҷаи тирпарронии афсарон ва прапоршиконро ба таври автоматӣ муайян мекард.

Бояд ёдовар шуд, ки ба чунин машқҳои таълимиву санҷишӣ хизматчиёни ҳарбӣ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаи Артиши миллӣ тибқи нақша пайваста ҷалб карда мешаванд. Аз ин ҷост, ки онҳо дар истифодаи силоҳҳои ба худ вобастагардида маҳорати баланд доранд ва зимни қабули ҳар як санҷишу имтиҳонҳо сазовори баҳои муносиб мегарданд.

Воқеан, омодагии сатҳи баланд дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан аз истифодаи моҳиронаи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, техникаву мошинҳои махсуси низомӣ ва дигар воситаҳои ҳозиразамони ҳарбӣ вобастагии зич дошта, аз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусалаҳи мамлакат донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд.
Шоҳин ШАРИФЗОДА





