Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.01.2024
in Хабар
0
САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ
0
SHARES
115
VIEWS
Share on Facebook

Бо мақсади беҳдошти вазъи саломатӣ ва табобату солимгардонии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муассисаҳои табобатии ҳарбӣ, аз ҷумла Госпитали марказии ҳарбӣ, госпиталҳои ҳарбӣ дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар назди қисму воҳидҳои низомӣ нуқтаҳои тиббӣ амал мекунанд, ки дорои тамоми шароиту имкониятҳои хизматрасонии тиббӣ мебошанд. Дар ин гуна шароити мусоиду барҳаво табибони низомӣ ва дигар мутахассисони соҳа вазифаву ӯҳдадориҳои касбии хешро сарбаландона иҷро менамоянд. Онҳо низ дар ҳар як давраи хониш зимни ҷамъбасту натиҷагирии он ба ҷамъомадҳои мухталифи соҳавӣ ва машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҷамъомади методӣ-таълимие, ки бо иштироки ҳайати тиббии Вазорати мудофиа ва қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳод доир гардид, зимни он нахуст масъулини Раёсати тибби ҳарбии Вазорати мудофиа масъулияти табибони низомиро дар ҳифзи саломатӣ ва барқарор намудани солимии хизматчиёни ҳарбӣ муҳим арзёбӣ намуда, аз онҳо даъват намуданд, ки пайваста пайи ҷустуҷӯй навовариҳои илми тиб ва бозомӯзии техникаву таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ қарор дошта бошанд.

        Ҷамъомади мазкур дар пойгоҳҳои Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиа ва Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар рафти он масъулини хадамотҳои тибии ин ниҳоди қудратӣ аз рӯйи мавзӯъҳои ташкили корҳои табобатӣ-ташхисӣ дар госпитали ҳарбӣ, назорати санитарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ба омӯзишу баҳрабардорӣ фаро гирифта шуданд.

Мусаллам аст, ки аксар аз ҳодисаҳои табииву техногенӣ осеббардориҳои гуногун ва дар маҷмӯъ хатар ба ҷисму ҷонро дар пай доранд. Албатта,  пешгириву бартарафсозии ин гуна ҳодисаҳои фавқулодда агар тарафи муҳими масъала бошад, вале дар ҳолати ба вуқӯъ пайвастани он расонидани ёрии аввалин ба зарардидагону ҷароҳатбардоштагон аз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷае маҳсуб меёбанд, ки он аз ҳар як нафар ва пеш аз ҳама аз табибон масъулияти баландро дар иҷрои вазифаҳои бар ӯҳда гузошташуда талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки  ҳайати тиббии ин ниҳоди қудратии кишвар бо ёрии масъулин аз кумитаи мазкур мавзӯъҳоро дар самти расонидани ёрии аввалин дар ҳолатҳои фавқулодда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, машғулиятҳои амалӣ оид ба омӯзиши усулҳои расонидани ёрии аввалин ҳангоми захмбардорӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, ташкили кори экспертизаи тиббӣ-судӣ дар маҳалли ҳодиса ҳангоми осеббардорӣ ва дигар ҳолатҳоро аз худ намуданд.

Дар воқеъ, ташкили чунин ҷамъомадҳои омўзишии соҳавӣ дар шароити гуногуни хизматӣ ва ҳолатҳои эҳтимолӣ ба самаранокии кору фаъолияти тиббии табибони низомӣ дар сафи ҷузъу томи Артиш мусоидат мекунад. Зеро, онҳо дар фаъолияти ҳамарӯза, яъне замони осоишта, ҳолати ҷанг ва умуман дар ҳама гуна вазъият масъулияти бузурги ҳифзи саломатӣ ва табобату солимгардониро бар ўҳда доранд.

Боқӣ  ШАРИФОВ,

майор

Previous Post

ҶАМЪОМАДИ АФСАРОНИ САМТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

Next Post

ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ДАР САМТИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ АҚИБГОҲӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ДАР САМТИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ АҚИБГОҲӢ

ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ДАР САМТИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ АҚИБГОҲӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook