Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САЙҚАЛИ МАҲОРАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.06.2022
in Хабар
0
САЙҚАЛИ МАҲОРАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ
0
SHARES
98
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таҳаввулоти босуръати замони муосир ва торафт шиддат ёфтани раванди  муносибатҳои ҳарбӣ-сиёсии давлатҳои ҷаҳон водор мекунад, ки масъулини ҳама самту бахшҳои Вазорати мудофиа донишу маҳорат  ва таҷрибаи худро сайқал диҳанд. Бо ин мақсад, чанде  қабл, бо ҷалби масъулини хадамоти тиббии Вазорати мудофиа ва қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳод ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид, ки нахуст масъулини Раёсати тибби ҳарбии Вазорати мудофиа масъулияти табибони низомиро дар  ҳифзи саломатӣ ва барқарор намудани солимии хизматчиёни ҳарбӣ бузург дониста, аз онҳо даъват намуд, ки пайваста пайи ҷустуҷӯйи навовариҳои илми тиб ва техникаву таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ қарор дошта бошанд.

Идомаи ҷамъомади омузишӣ дар маркази таълимии Фахробод, ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт, ки ҳайати шахсии ширкатдошта, нахуст расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми сар задани муноқишаҳои мусаллаҳона, интиқоли беморон дар майдони шартии ҷанг, ташкил намудани чорабиниҳои санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемиявии қӯшун дар рафти амалиёт ва дигар мавзуъҳои соҳавиро вобаста ба самти фаъолияти тибби ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Дар воқеъ, ташкили чунин ҷамъомадҳои омӯзишии соҳавӣ дар шароити гуногуни хизматӣ ва ҳолатҳои эҳтимолӣ ба самаранокии кору фаъолияти тиббии табибони низомӣ дар сафи ҷузъу томи Артиш мусоидат мекунад. Онҳо дар раванди хизмати рӯзмарра, яъне замони осоишта, ҳолати ҷанг ва умуман дар ҳама гуна вазъият масъулияти ҳифзи саломатии ҳайати шахсиро бар ӯҳда доранд.

Қисмати дигари ҷамъомади амалии методӣ-таълимии табибони низомӣ дар Беморхонаи ҳарбии саҳроӣ, ки бо назардошти расонидани хизмати тиббӣ ба маҷрӯҳону зарардидагон дар шароити саҳро сохта шудааст, идома ёфт. Тибқи иттилои масъулин, Беморхонаи саҳроии мазкур тамоми самтҳои расонидани кӯмаки тиббиро дар бар гирифта, хадамоти тиббии он аз нуқтаҳои безараргардонӣ, қабулу ҷобаҷогузории беморон, захмбандӣ, хаймаи ҷарроҳӣ, баъди ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, асабу рӯҳӣ ва дорухона иборат буд. Табибони ботаҷриба иштирокчиёни ҷамъомадро дар ҳар бахш бо қоидаву талаботи дурусти кӯмаки тиббӣ шинос намуданд. Ҳамзамон, марҳилаҳои интиқоли тиббии беморону захмдорон, муайяну мушаххасгардонии дарду захми беморон низ ба таври амалӣ фаҳмонида шуд.

Ҳамин тавр, ҷамъомади таълимӣ бо шиносоии ҳайати ширкатдошта аз машқҳои намоишии техникаву таҷҳизоти махсуси соҳавӣ, шароитҳои мавҷуда, аз қабили ҳаммомхона, хобгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббии саҳроӣ идома ёфта, дар охир ӯҳдадориҳои шахсони вазифадори хадамоти тиббӣ, тарзи ташкили назорати санитарӣ, корҳои табобативу ташхисӣ ва баҳисобгирию ҳисоботи тиббӣ дар қисмҳои ҳарбӣ муҳокимаву баррасӣ гардид.

Боқӣ ШАРИФОВ

Previous Post

ДАЪВАТИ БАҲОРӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Next Post

ИМРӮЗ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИМРӮЗ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД

ИМРӮЗ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj