Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ: ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ – ВОСИТАИ ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.06.2021
in Хабар
0
САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ: ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ – ВОСИТАИ ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ
0
SHARES
87
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Яке аз навъҳои сайёҳӣ, ки дар раванди он сайёҳон бо хӯрокҳои маҳалҳои гуногун ва рафти омодасозиашон шиносоӣ пайдо мекунанд, ин сайёҳии гастрономӣ мебошад. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳарчи бештар рушд дорад. Эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ин навъи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

— Сайёҳии гастрономӣ дар стратегияи рушди Тоҷикистон самти авлавиятдошта аст, — гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яке аз хусусиятҳои асосии сайёҳии гастрономӣ дар Тоҷикистон хӯрокҳои наврӯзӣ, аз ҷумла суманак, ҳафтсин ва ҳафтшин мебошанд, ки ҳангоми таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ омода мешаванд. Нақшаҳо ҷиҳати манзур ва муаррифии ин унсурҳо ба сайёҳон бевосита ва ба воситаи интернет амалӣ шуда истодаанд.

Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ имсол дар доираи таҷлили 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузории Фестивали хӯрокҳои миллӣ  ба нақша гирифта шудааст, — гуфт ӯ. Ҳадаф аз ташкили фестивали хӯрокҳои миллӣ шинохти Тоҷикистон на танҳо бо палаву қурутобу шакароб, балки бо ҳунарҳои волои кадбонуҳои тоҷик, ки дар ҷаҳон нодир аст, мебошад, — гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода.

Сайёҳии гастрономӣ ба деҳотӣ ва шаҳрӣ гурӯҳбандӣ шудааст. Дар саёҳати гастрономии деҳот сайёҳон, асосан ба тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, ҷамъоварии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза – ангур, сабзавот ва меваҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ машғул мешаванд. Дар саёҳатҳои гастрономии шаҳрӣ бошад сайёҳон бо фаъолияти корхонаҳо ва сехҳои истеҳсоли хӯрокворӣ шинос мешаванд ва маҳсулоти онҳоро санҷида мебинанд. Ҳамин тавр, сафари гастрономӣ ба сайёҳон имкон медиҳад, ки дар ҷойҳои гуногун бо номгӯйи васеи хӯрокҳои миллӣ шиносоӣ пайдо намоянд. Дар кишвари мо сайёҳии гастрономии деҳот мавқеи бештар дорад. Бино ба гуфтаи Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати «Панҷакент Интур» бисёри сайёҳоне, ки  ба Тоҷикистон ташриф меоранд, мехоҳанд зудтар ба деҳот рафта, аз боду ҳавои тоза нафас кашанд, зебогиҳои табиати диёри моро бинанд ва бо тарзи зисти мардуми маҳаллӣ шинос шаванд.

Тавре ӯ иброз медорад: «Соли пешин ба деҳаи Саратоғи Панҷакент гурӯҳҳои чанднафараи сайёҳронро мебурдем. Он ҷо соҳибхоназан нон мепухт. Сайёҳон зуд ба ин машғулият мароқ зоҳир карда, нонпазиро омӯхтанд. Истеъмоли нони гарму боллазати тоҷикӣ ва раванди пухтупази он ба сайёҳон чунон писанд афтод, ки онҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ сафари худро ба ин минтақаи Тоҷикистон бисёр хуб баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷа сайёҳон аз 30 гурӯҳи соли 2019 ба 70 гурӯҳ дар соли 2020 расиданд. Мутаассифона, бо сабаби эълони пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва манъи парвозҳои ҳавоӣ, сайёҳон ба Тоҷикистон омада натавонистанд. Вале онҳо ҳоло ҳам омодаи сафаранд, зеро Тоҷикистон барои аксар ҷаҳонгардони Аврупову Амрикову Ҷопону Австралия  кашфнашуда мебошад».

Хӯрокҳои гуногун, дастархони бой ва меҳмоннавозии тоҷикон ҳамеша сайёҳони хориҷиро мафтун мекарданд. Оши палав, ки дар байни таомҳои тоҷикӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ бо фаровонии сабзавот, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ фарқкунандаанд. Дар баробари ин, кишвари мо бо парвариши меваву сабзавоти тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ  безарар шинохта шудааст. Нашъунамои онҳо на дар шароити сунъии гармхонаҳо, балки баръакс бо истифодаи нурҳои офтоб сурат мегирад. Асали тоҷикӣ, нӯшокиҳо ва обҳои маъданӣ дар ҷаҳон нодир буда, сайёҳону меҳмонон ҳангоми сафар ба Тоҷикистон аз онҳо васеъ истифода мебаранд.

Гуфтан бамаврид аст, ки рушди сайёҳии байналмилалӣ ва дар ин замина сайёҳии гастрономӣ ба пешрафти босуръати саноати хӯрокворӣ мусоидат мекунад. Ин буд, ки ширкатҳои маъруфи хӯроки умум дар маконҳои гуногуни сайёҳии ҷаҳон силсилаи тарабхона, қаҳвахона ва дигар муассисаҳоро таъсис додаанд. Барои Тоҷикистон ин танҳо марҳилаи аввал буда, кишвари мо бисёр хӯрокҳои лазизу диданиҳои аҷиб дорад, ки метавонад ба ҷаҳониён шоиста пешниҳод созад ва байни сайёҳони дохиливу хориҷӣ муваффақияти бештареро касб созад.

 

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

Previous Post

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт

Next Post

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН

ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН

29.05.2023
ВАРЗИШ: ОМИЛИ ДӮСТИВУ ТАНДУРУСТӢ

ВАРЗИШ: ОМИЛИ ДӮСТИВУ ТАНДУРУСТӢ

27.05.2023
ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР ШАРОИТИ КӮҲӢ

ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР ШАРОИТИ КӮҲӢ

26.05.2023
ИЗҲОРОТ

ИЗҲОРОТ

25.05.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj