Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

САДА-ҶАШНИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.02.2025
in Мақола
0
САДА-ҶАШНИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁД
0
SHARES
81
VIEWS
Share on Facebook

Эҳё ва бузургдошти ҷашнҳои миллии мардум, ки тӯли ҳазорсолаҳо аз ниёгонамон ба мерос мондааст ва дар онҳо як ҷаҳон суннатҳои волои инсонӣ таҷассум ёфтааст, аз ҳар ҷиҳат боиси пайравӣ ва омӯзиш мебошад.

Оид ба пайдоиш ва густариши таърихи ҷашни пуршукӯҳи Сада маълумоти фаровоне мавҷуд бошад ҳам, вале бо таассуф бояд хотирнишон кард, ки то кунун ҷиҳатҳои маросимии гузаронидани он, таъсири минбаъдаи рамзҳои ҷашни мазкур ба анъанаҳои халқҳои ориёнӣ, аз ҷумла  аврупоиҳо ба таври бояду шояд таҳлил ва таҳқиқ  нашудааст. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба  Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола рӯзи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ҷашни Сада ба оини меҳргароӣ, сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст”. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми кӯҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Дар ҷашни Сада гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи шаҳр намоиши театрикунонидашударо ба ифтихори ҷашни Сада пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.

Дар “Шоҳнома” зикр шуда, ки сабаби пайдоиши Сада-Ҳушанг, пури Сиёмак будааст. Рӯзе Ҳушанг бо ҳамроҳонаш чун аз кӯҳе мегузашт, мори бузурге падид омад. Ҳушанг санги азимеро ба мор андохт. Санг бо санги дигаре бархӯрд ва “фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг” ва Ҳушанг Худойро аз он сипос гуфт ва:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар Шаҳриёр.

Одамӣ аз бунёд ба ҳаводиси табиӣ кунҷковона таваҷҷуҳ мекард. Аз мушоҳида ва боварҳо бармеояд, ки ба тадриҷ ба моҳияти оташ, ки гармӣ дораду рӯшанӣ ва хомро пухта мегардонад ва муҷиби таҳрики ҳаводиси олам аст, расидаанд. Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззат ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр ва рӯ овардан ба рӯшанист. Тавлиди оташ-таҷаллии нури Парвардигор, мазҳари ҳастӣ ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот ва дод бар бедодист. Аз ибтидо шинохти моҳияти гармӣ дар муқобили сардиҳо буд, ки ба ҳикматаш дар аҳди Пешдодиён сарфаҳм рафтанд ва дарки ҷойгоҳи оташ дар рӯзгори башар яке аз дигаре афзалият надорад. Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати худро барқарор намуд. Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Наврӯз-оғози баҳор (21-22-юми март), Меҳргон-поёни фасли кишоварзӣ (8-13-уми октябр) ва ниҳоят ҷашни Сада, ки дар 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд.

Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он-гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки номинатсияи севвуми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон “Ҷашни Сада” низ дар Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана ҷараён дорад, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

 

                                                       Ёқубҷон РУСТАМОВ,

 муаллими калони Сикли

тайёрии тактикии Кафедраи ҳарбии

Донишгоҳи давлатии Данғара,

лейтенанти калон

Previous Post

ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ШОҲНОМА-МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ШОҲНОМА-МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

ШОҲНОМА-МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook