Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САВГАНД БА НОМИ ВАТАН-ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ МЕҲАН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.11.2023
in Хабар
0
САВГАНД БА НОМИ ВАТАН-ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ МЕҲАН
0
SHARES
377
VIEWS
Share on Facebook

Маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳии соли равон дар Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ ва шукргузорӣ аз фазои тинҷу осудаи Ватан, бо садо додани Суруди миллӣ таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва даровардани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ, оғоз гардид.

Дар ин ҷамъомади бошукӯҳи низомӣ афсарони олирутбаи Вазорати мудофиа, ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ, падару модарон ва дигар пайвандони наваскарон иштирок доштанд.

Бо амри командири қисми ҳарбӣ ҳамаи наваскарони бо либоси идонаи низомӣ барои қабул намудани Савганди ҳарбӣ ба маркази майдони чорабинӣ баромада, бо тартиби муқарранамудаи Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ савганд ёд намуданд.

Наваскарон бо қироати матни пурмӯҳтавои савганднома дар назди ҳозирин қавл доданд, ки савганди ёднамудаи худро доимо пос медоранд ва чун сарбозони комилҳуқуқи Артиши миллӣ дар давоми хизмати масъулиятноки ҳарбӣ ҳамчун аскарони бошараф ва далеру ғайюр нозукиҳои онро суботкорона паси сар менамоянд. Ҳаргиз қасами худро намешикананд ва то охирин нафас ба халқу Ватан содиқ мемонанд.

Баъд аз қабули Савганди ҳарбӣ ҷавонаскарон ҷойи худро дар сафи мардони муҳофизи Ватан ишғол намуданд ва ҳама баробар дар ин роҳи пуршараф, яъне хизмат дар таъмини мудофиаи давлат қадам мегузоранд. Ба ин шарафи бузург ва ноил гардидан бо номи ифтихории Сарбози Ватан, афсарони олирутба, масъулини қисми ҳарбӣ ва ҳама наздикону пайвандон ҷавонаскаронро ба ин рӯзи таърихии ҳаёташон табрику муборакбод намуданд.

Дар ин лаҳзаи таърихӣ ва шодиву фараҳ барои гурӯҳе аз ҷавонони ватандӯст, Бахтиёр Қутбиддинов-падари яке аз ин сарбозон таассуроти хешро чунин баён намуд:

— Ифтихори бештарам аз он аст, ки имрӯз фарзанди ман Муҳибулло Савганди ҳарбии худро ёд кард ва итминон дорам, ки бо оғоз гаштани мактаби такомули ҷавонмардӣ, мактабе, ки ҳар як ҷавон  бояд  онро ҳатман гузарад, оянда роҳи худро, зиндагии худро мукамалтар месозад. Хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  натиҷаи ҳамон сиёсати сулҳдӯстона ва ваҳдатпарваронаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз чеҳраи наваскарон хеле кушода, хеле хандон ва онҳо бо ҳамдигар бо як меҳрубонӣ бо ҳам самимона муносибат карданашон гувоҳи он аст, ки мо як силоҳи аз ҳама боқувват дорем, ки он муттаҳидӣ ва ваҳдат аст.

Ӯ ифтихорманд аст, ки имрӯз нахустфарзандаш соҳибунвон, яъне соҳиби номи баланди Сарбози Ватан гардидааст:

— Вақте ки писари ман мактаби олиро хатм намуд ва  ихтиёран тасмим гирифт, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба  хизмати Ватан меравад, ман бисёр ҳам шод гаштам, ки вақте ин тасмим беихтиёр аз ҷониби ӯ сурат мегирад ва  бовар дорам, ки бо гузаштани як муддати муайян, мӯҳлате ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунад,  барои ӯ роҳ  ва ҳама пайрорҳаҳо, ҳамаи монеаҳо суфта мешаванд ва барои мо хеле ва хеле шарафу ифтихор ҳам мешавад, ки фарзанди мо ва фарзанди дигар волидайн имрӯз дар қисмҳои ҳарбии кишвар хизмат карда истодаанд.

Номбурда, ки дар қатори дигар падару модарон аз шароити зисту хизмати фарзандони сарбозашон дар ин қисми ҳарбӣ дидан намудааст, бо қаноатмандӣ чунин изҳор намуд:

— Шароитро дидем, имрӯз ошно гаштем, дар ҳавлиҳо, дар  қисми низомӣ. Ин ҳама натиҷаи он аст, ки шароит имкониятҳо ва ҳамаҷониба хуб аст, ҳеҷ мушкилие, ҳеҷ монеае дар адои хизмати навҷавонони имрӯза вуҷуд дошта наметавонад ва аллакай ин худ ба як ҷараён табдил ёфтааст, ки сол ба сол, рӯз ба рӯз  сафи ихтиёриёне, ки ба хоҳиши  худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд меафзояд.

Ҳамин тавр, ҷамъомади бошкӯҳи савгандёкунии навскарон дар ин қисми ҳарбии Вазорати мудофиа бо гузашти низомӣ ва қадамзаниҳои тантанавору ифтихории афсарону сарбозон дар назди минбар ва ҳайати меҳмонон ба поён расид.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

 

Previous Post

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 3502-И ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

Next Post

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook