Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САВГАНД БА НОМИ ВАТАН-ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ МЕҲАН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.04.2023
in Хабар
0
САВГАНД БА НОМИ ВАТАН-ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ МЕҲАН
0
SHARES
232
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи наздик ба 200 нафараи афсарони ҷавон зам шуд. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа хатмкунандагони навбатии худро ба сафҳои Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратии кишвар ба кори мустақилонаи ҳарбӣ гусел намуд.

Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ, ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид.

Зимни оғози чорабинии мазкур, фармоиши вазири мудофиа дар хусуси ба вазифаҳо таъйин намудани хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ қироат карда шуд, ки тибқи он афсарони хуштолеъи ин боргоҳи улуми низомӣ, вобаста ба ихтисосҳои ҳарбии аз бар намуда, баҳри фаъолияти хизматӣ дар ҳайати сохторҳои қудратии мамлакат тақсим карда шуданд.

Дар ҷараёни ин чорабинии муҳими низомӣ бо амри масъули донишкадаи мазкур ҳайати хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдони баргузории чорабинӣ бароварда шуда, аз тарафи ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи илми ҳарбӣ ба онҳо дипломи хатм супорида шуд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир раванди барномаҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи омода кардани афсарони оянда дар Донишкадаи ҳарбӣ боз ҳам баланд гардида, имсол низ чанд тан аз курсантони фаъол, ин муассисаи олии таълимии ҳарбиро бо баҳои аъло хатм намуданд.

Лаҳзаи хайрбод намудани афсарони ҷавон бо Байрақи ҷангии Донишкадаи ҳарбӣ, барои ҳозирин ва умуман иштирокчиёни ин чорабинии бошукӯҳ бисёр ҳам хотирмону диққатҷалбкунанда буд, ки ин маросим хело таъсирбахш сурат гирифт.

Зимни баромади табрикотӣ масъулини Вазорати мудофиаи кишвар маросими хатми донишҷӯёнро рӯйдоди хеле  хотирмону  фаромӯшнопазир дар ҳаёти афсарони ҷавон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар ин роҳи пуршараф ё худ хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Дар идомаи суханронӣ қайд гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ пойгоҳҳои муҷаҳҳаз бо заминаҳои хубу намунавии моддӣ-техникӣ мавҷуд мебошанду ба меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ мутобиқ гардонида шудаанд.

Баъд аз анҷоми қисмати расмии чорабинии мазкур, гузашти низомии афсарони ҷавон дар як саф бо ҳайати устодону дигар курсантон доир гардид, ки тантанавор қадамзании онҳо аз назди минбар ва ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши ин маросими бошукӯҳи ҷашнӣ гардид.

Хотирасон менамоем, ки Донишкадаи ҳарбӣ дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб амал мекунад, ки он аз рӯйи 18 ихтисос мутахассисони варзидаи низомиро омода намуда, дар самти таъмину пуррагардонии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат бо афсарони касбӣ саҳми арзанда дорад.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

Previous Post

САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ ДЕСАНТЧИЁН

Next Post

ДАЪВАТУ ГУСЕЛИ МУҲОФИЗОНИ ОЯНДАИ ВАТАН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАЪВАТУ ГУСЕЛИ МУҲОФИЗОНИ ОЯНДАИ ВАТАН

ДАЪВАТУ ГУСЕЛИ МУҲОФИЗОНИ ОЯНДАИ ВАТАН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАРЗИШ: ОМИЛИ ДӮСТИВУ ТАНДУРУСТӢ

ВАРЗИШ: ОМИЛИ ДӮСТИВУ ТАНДУРУСТӢ

27.05.2023
ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР ШАРОИТИ КӮҲӢ

ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР ШАРОИТИ КӮҲӢ

26.05.2023
ИЗҲОРОТ

ИЗҲОРОТ

25.05.2023
ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

25.05.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj