Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе ба муносибати савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳории соли ҷорӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масъулини Вазорати мудофиа, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин падару модарон ва наздикону пайвандони наваскарон иштирок намуданд.

Дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ наздики 500 нафар наваскароне, ки курси кӯтоҳмуддати “Ҷанговари ҷавон”-ро дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди гарнизони Душанбе аз худ намудаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Бо амри коменданти ҳарбии гарнизони Душанбе ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 16772-и Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, инчунин Полки таъминотӣ ва идоракунӣ дар майдони баргузории чорабинӣ саф ороста, тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ матни савганди ҳарбиро қироат намуданд.

Наваскарон назди меҳмонон ва волидони худ бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ қавл доданд, ки ба савганди ёднамудаи худ ҳамеша содиқ монда, барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва хизмат ба халқу Ватан софдилона талош менамоянд.

Зимни суханрониҳо ҳайати меҳмонон ва волидайни сарбозон аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ ёдовар шуда, ба наваскарон дар роҳи хизмати содиқона барору муваффақият орзу намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ сарбозони Баталиони қаравули фахрӣ машқҳои сафороӣ ва дефилейи ҳарбиро намоиш дода, маҳорати баланди низомии худро пешкаши ҳозирин гардониданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ таҳти навои оркестри ҳарбӣ дар назди “Оташи ҷовидон” ба анҷом расид.






