Бахшида ба савгандёдкунии донишҷӯёни соли аввал дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо омодагии ҳамаҷонибаи ҳайати афсарон ва устодону донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат, волидайни курсантон ва ҳайати шахсии ин муассисаи олии низомӣ иштирок намудаанд.

Чорабиниҳои тантанавии маросими савгандёдкунии беш аз 300 нафар таълимгирандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки дар остонаи таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст, ба таври бошукӯҳ, мувофиқ ба талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва басо хотирмон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии пуршукӯҳи низомӣ он ҷавонони далеру матиниродае, ки имтиҳонҳои дохилшавиро дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо муваффақият супоридаву сазовори номи донишҷӯ гаштаанд, бо тантана Савганди ҳарбӣ ёд карданд, ки он ифодагари садоқату вафодории ҳар як донишҷӯ ба халқ, баҳри ҳифзу ҳимоя ва хизмати содиқона ба Ватан мебошад.

Афсарони ояндаи марзу буми Ватан, зимни ёд намудани Савганди ҳарбӣ дар назди ҳозирин мувофиқ ба талаботу муқаррароти он ва ҳамчун ҷавонони содиқу сарбаланди диёр бо аҳди ҷавонмардона қавл доданд, ки савганди ёд намудаи худро дар раванди таҳсил ва минбаъд дар ҷараёни кору фаъолияти пурмасъул пос дошта, дар таъмини зиндагии осоишта, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати комили ин сарзамини аҷдодӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Масъулини Вазорати мудофиа мамлакат зимни баромади худ дар назди ҳайати шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ вобаста ба таъкидҳои пайвастагии Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф аз аҳамияти бузургу таърихии он дар ҳамаи давру замон ёдоварӣ намуда, таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон, алалхусус кадрҳои баландихтиссоси соҳаи низомӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, маърифатнок намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати маорифпаваронаи Сарвари давлат мебошад.

Ҳамин тавр, дигар баромадкунандагон низ донишҷуёни ин муассисаи олии ҳарбиро ба ифтихори қабул намудани Савганди ҳарбӣ табрику муборакбод намуданд. Ҳамчунин, онҳоро ба донишомӯзиву аз худ намудани илми муосир ва техникаву технологияи замонавӣ даъват намуда, омодагии тактикию омӯзиши фанҳои умумиҳарбиро зарур шумориданд.

Чорабинии бошукӯҳу тантанавӣ дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо баровардани Байрақи ҷангӣ аз майдони баргузории ҷамъомад ва гузашти низомиву қадамзании тантанавори афсарону курсантони ин боргоҳи илми низомӣ ба поён расид.






