Мустақил гаштани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, зарурати таъсисдиҳии Артиши миллиро ба миён гузошт. Таъсисёбии артиш бошад, тақозо намуд, ки он идорашаванда бошад, яъне дар ҷузъу томи он низому тартибот, риояи қонуну қонуният ва амру фармонҳо дар сатҳи баланд иҷро гарданд. Ҳамаи ин, ба он далолат мекард, ки дар Артиши миллӣ Савганди ҳарбӣ қабул гардад, зеро он хизмати мушкили ҳарбиро барои сарбозон сабук гардонида, онҳоро ҳамчун фарди комил тарбия мекунад ва обутоб медиҳад.
Маълум аст,ки аз байни касбу корҳои зиёд ба ҷуз ҳарбиён, табибон низ савганди худро доранд, бо номи ҳаким Гиппократ машҳур гаштааст. Ҳатто омӯзгорон, ки бо насли наврас сару кор мегиранд ва аз меҳнати онҳо ташаккул ёфтани шахсияти ҷавонон вобаста аст, Савганди омӯзгорӣ доранд. Яъне, тавассути ин савганд омӯзгор худро назди ҷомеаи худ ва ҷомеаи башарӣ вазифадор меҳисобад, ки ба касбаш содиқ бимонад ва нисбат ба толибилмон ҳамеша хайрхоҳ бошад.
Ба андешаи мо, ҳамаи касбу корҳое, ки бо инсон ва тарбияи он сару кор мегиранд, бояд савганди худро дошта бошанд. Ҳадаф ин аст, ки масъулиятшиносӣ аз байн наравад, аҳдшиканӣ набошад ва қонуншиканӣ дида нашавад.
Савганд-ин уҳдадорӣ ва масъулиятшиносӣ аст. Савганд-ин иҷрои талаботҳоест, ки халқу Ватан дар назди мо мегузорад. Савганд-ин иҷрои вазифаҳои муқаддас аст. Амалӣ гаштани ҳамаи вазифа ва мақсаду маромҳое, ки дар савганд ифода ёфтааст, аз масъулиятшиносии ҳар хизматчии ҳарбӣ вобастагӣ дорад.
Савганд-ин амният, оромӣ, осудаҳолӣ, таъмини бехатарӣ,анҷом додани меҳнати осоишта ва хотирҷамъии мардум мебошад.
Ҳамон вақт мардум дар кишвар оромона кору фаъолият ва зиндагии пуршарафро ба роҳ мемонанд, ки агар афсарон ва сарбозони Артиши миллии кишвар меҳанатдӯст, миллатдӯст ва хайрхоҳи ҷомеа бошанд.
Дар Савганди ҳарбӣ ҳамаи талаботи муҳим ва вазифаҳои асосие, ки халқу Ватан ва Сарвари давлат дар назди хизматчии ҳарбӣ мегузорад, хеле мушаххас ва нишонрас ифода ёфтааст.
Сарбоз савганд ёд мекунад, ки ба Ватани азизаш-Тоҷикистон содиқ бошад, қонуни асосии кишварашро риоя кунад, қонуниятҳои дигарро иҷро намояд ва дар иҷрои корҳои дигар худро масъул ҳисобад. Ҳамчунин, барои иҷрои нуктаҳои боло дар савганд ёдрас мешавад, ки хизматчии ҳарбӣ сифатҳои муҳими шахсӣ, аз қабили, интизомнокӣ, бошарафӣ, ҳушёрӣ, ҷасорат доштан ва далеру бебок буданро доро бошад. Ҳамзамон, таъкид мегардад, ки сарбоз аз душвориву мушкилоти ҳарбӣ наҳаросад ва ҳамеша ба халқу Ватанаш содиқ бошаду душвориҳоро суботкорона паси сар намояд. Ниҳоят, дар савганд мазмунан омадааст ,ки “агар сарбоз ба савганди додааш вафо накунад ва ба халқу Ватани худ хиёнат кунад, он вақт тибқи қонунҳои мавҷудаи кишвар ҷазо диҳанд ва халқ нафринаш хонанд”.
Барои он ки қасами ҳарбӣ воқеӣ гардад ва сарбоз онро ба пуррагӣ риоя кунад, танҳо аз бар кардан, ё хондани он басанда нест. Он бояд баробари аз бар кардан, дарк карда шавад. Сарбоз бояд моҳияти ҳар як сухани онро бифаҳмад, дар вуҷудаш, дар рагу пайвандаш ҷой диҳад ва мутобиқи фаҳмишаш амал намояд, яъне ба Ватан садоқати бепоён дошта бошад, ба марзу буми Тоҷикистон меҳри хосса ва беандоза пайдо кунад, қонунҳоро иҷро кунад, ҳаргиз хиёнатро ба ин халқ ва ба ин сарзамин раво набинад, далеру шуҷоъ ва нотарсу бебок бошад. Ҳамчунин, амру фармонҳои сардоронро дар вақти таъйиншуда бе чуну чаро иҷро намояд.
Мутаассифона, дар баъзе ҷузъу том ва қисмҳои ҳарбӣ, ҳамин гуфтаҳо пурра риоя намешавад. Атрофи пайдо кунонидани фаҳмиш ва дарк кардани Савганди ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ кам ба роҳ мода мешавад. Бинобар ин, сарбозон онро кӯркӯрона аз ёд мекунанду мехонанд, аммо аз рӯйи талаботи он кам амал мекунанд.
Онҳое, ки аҳдшиканӣ ва қонуншиканӣ мекунанд, низому тартиботро риоя намекунанд ва бешарафӣ зоҳир мекунанд, Савганди ҳарбӣ барояшон комилан муқаддас нест, зеро онҳо муқаддас будани онро дарк накардаанд. Ба онҳо атрофи муқаддасот, рафтори ҳамидаи инсонӣ, меъёрҳои баланди ахлоқӣ, арзишҳо, аз ҷумла, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, маъниҳои баланд ва монанди инҳо аз тарафи мутасаддиёни самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар қисмҳои ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ самарабахш ба роҳ монда нашудааст.
Масъулини корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, бояд атрофи амалигардонии Савганди ҳарбӣ номгӯйи чорабиниҳоро таҳия намоянд ва бо ҳайати шахсӣ суҳбату ҷамъомадҳо, баромадҳо ва маърӯзаҳо, ҳамчунин баҳсу муноризаҳо ташкил намоянд.
Танҳо дар ҳамин сурат, метавон гуфт, ки Савганди ҳарбӣ аз ҷониби сарбозон риоя мегардад ва он дар ташаккули шахсияти сарбозон нақши аниқ мегузорад.
Амалигардонии Савганди ҳарбӣ, яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷузъу томи қисмҳои низомӣ маҳсуб меёбад. Зеро, ташаккулёбии шахсияти сарбозон ва риояи низому тартибот аз он вобастагии зиёд дорад.
Амалигардонии Савганди ҳарбӣ, агар аз як тараф аз фаҳмиши ҳаматарафаи ҳар як сарбозу афсар ва ҷаҳонбинии васеи ӯ вобаста бошад, аз ҷониби дигар, аз сатҳи маърифати ҳуқуқии вай вобаста аст. Бинобар ин, ҳар қадар ҷавонон то даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ ба сатҳи муайяни маърифат, аз ҷумла, маърифати ҳуқуқӣ бархурдор бошанд, ҳамон қадар корбарӣ бо онҳо ва фаҳмондадиҳии тартибот ва моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба командирон осон мегардад.
Маълум аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим ва омӯзиши фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ” ба роҳ монда шудааст. Ҳадафҳои таълимӣ ва омӯзиши ин фан аз он иборат аст, ки ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ омода намояд ва худшиносии миллии онҳоро баланд бардошта, ҳамзамон онҳоро бо як зумра муқаддасот, мисли Ватан, виҷдон, миллат, шараф, номус, ҷасорату мардонагӣ ва монанди инҳо шинос гардонад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон, ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:”Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Мувофиқи талаботи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул гардидааст, ки дар он оид ба тартиби даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ, вазифаю уҳдадориҳои ҷавонон дар рафти хизмати ҳарбӣ, муҳлати хизмат, либоси ҳарбӣ, Савганди ҳарбӣ ва ғайра маълумот дода шудааст.
Тавре ишора рафт, амалигардонии Савганди ҳарбӣ аз масъулиятшиносии ҷавонон, ҳисси миллӣ доштан, худшинос будан, худро вазифадор ҳисобидан ва фаҳмидани моҳияти ҳақиқии қонунҳои марбута вобаста аст.
Дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.
Мутаассифона, дар Артиши миллиӣ баъзе хизматчиёни ҳарбие ба мушоҳида мерасанд, ки комилан ба талабот ва нишондодҳои қонунҳои зикргардида ва Ойинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор қабул гардидаанд, эътибори ҷиддӣ намедиҳанд ва аз тарафи онҳо рафторҳои номатлуб, аҳдшиканӣ ва хилофи тартиботи ҳарбӣ амал кардан зоҳир мегардад. Чунин рафторҳо аз надонистан ва нафаҳмидани моҳияти қонунҳо ва талаботи Ойинномаҳои ҳарбӣ рух медиҳанд.
Барои амалигардонии Савганди ҳарбӣ зарур аст, ки баробари ба қисмҳои ҳарбӣ ворид гаштани ҷавонон, моҳияти қонунҳо аз тарафи командирони ҷузъу том ҳаматарафа фаҳмонида шавад, зарурати риояи онҳо аниқ муайян гардад ва мақсади даъват шудани ҷавонон барояшон маънидод гашта, ҳамчунин ҳуқуқу вазифа ва уҳдадориҳояшон возеҳу равшан гардад.
Итминони комил дорем, ки агар дар ҳамин давра корҳои фаҳмондадиҳӣ атрофи қонуну қонуният, ҳуқуқу вазифаҳо ва уҳдадориҳои сарбозон ҳамаҷониба саҳеҳ фаҳмонида шавад, минбаъд риоя ва амалигардонии Савганди ҳарбӣ барои онҳо осон мегардад ва дар оянда корбарӣ ба худи командирон низ сабук мешавад.
Барои он ки сарбозон ба моҳияти ҳақиқии Савганди ҳарбӣ сарфаҳм раванд ва зарурати онро дарк намоянд, муҳим аст, ки атрофи нуктаҳои асосии Савганди ҳарбӣ баҳсу мунозира ва мубоҳисаҳо гузаронида шавад. Зеро, маҳз дар раванди баҳсу мунозира ҳақиқат ошкор мегардад ва сарбозон аз ҳамдигар омӯхта, донишҳояшонро такмил медиҳанд. Ин амал имкон медиҳад, ки онҳо минбаъд дар вақти иҷрои амру фармонҳо ва супоришҳо қонунвайронкунӣ ва аҳдшиканӣ накунанд.
Масалан, мо-дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии Савганди ҳарбӣ атрофи масъалаҳои “Ҳуқуқу вазифаҳо ва уҳдадориҳои сарбозон”, “Савганди ҳарбӣ чист?”, “Савганди ҳарбӣ чиҳоро фаро мегирад?”, “Зарурати риояи Савганди ҳарбӣ аз чӣ иборат аст?”, “Савганди ҳарбӣ ва интизоми ҳарбӣ”, “Нақши Савганди ҳарбӣ дар ташаккули рафтори ҳамида”, “Оқибатҳои қонуншиканӣ” ва монанди инҳо баҳсҳо доир менамоем.
Тавассути ин баҳсҳо, мо-сараввал фикру андешаҳои сарбозонро мефаҳмем, баъдан дар заминаи дуруст ба роҳ мондани маҷрои мубоҳиса, онҳоро ба фаҳмидани моҳияти аслии масъалаҳо ва хулосабарорӣ кардан ҳидоят менамоем.
Роҳи дигаре, ки метавонад воситаи хуби амалигардонии Савганди ҳарбӣ гардад, ин ҳавасмандгардонии сарбозон аз ҷониби командирони ҷузъу том аст.
Ҳавасмандгардонӣ-яке аз роҳҳои беҳтарини ҳидоят намудани сарбозон ба рафторҳои намунавӣ, ибратбахш ва корҳои шоиста аст. Ҳамзамон, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар сарбозон рӯҳбаландӣ ва ҳисси қаноатмандӣ аз рафтори содиркарда пайдо кунонда мешавад. Ба таври дигар, ҳавасмандгардонӣ воситаи беҳтарини тарбияи шахсияти сарбозон дар заминаи ҳиссиёти мусбат аст.
Ҳар як командири ҷузъу томи қисмҳои ҳарбӣ, аз хурд то калон, дар сатҳи мухталиф вазифадор аст, ки мувофиқи салоҳияташ сарбозонро бо роҳҳои гуногун ҳавасманд гардонад.
Дар Ойинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000с.) ҳамин ҳуқуқу вазифаҳои командирон оид ба ҳавасмандгардонӣ дарҷ гардидааст.
Мутаассифона, на ҳамаи командирон дар вақти корбарӣ бо ҳайати шахсӣ аз Ойинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Бинобар ин, ҳодисаҳои қонуншиканӣ, қонунвайронкунӣ ва иҷро нагаштани вазифаю уҳдадориҳо аз ҷониби сарбозон ба миён меояд.
Дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамал, мо-афсарон, асосан бо мақсади ҳаматарафа иҷро гаштани Савганди ҳарбӣ аз навъҳои мухталифи ҳавасмандгардонӣ, аз қабили, бекор кардани ҷазои интизомии қаблан додашуда, эълони раҳматнома, равон кардани мактуб ба волидон, мактаби таҳсилкарда, ҷойи кор ва комиссариати ҳарбӣ оид ба хизмати шоистаи сарбоз, тавсиф намудани сарбозони беҳтарин дар Варақаи ҷангӣ ва тахтаи фахрӣ, сарфароз намудан бо ифтихорнома, туҳфаҳои қиматбаҳо, ё пулӣ, сарфароз намудан бо акси шахсии хизматчии ҳарбӣ дар назди Байрақи ҷангии қисми низомӣ, додани рутбаи ефрейтор, ба сержантҳо додани рутбаи навбатии ҳарбӣ, сабт кардани ному насаби сарбоз дар Китоби фахрии қисми ҳарбӣ ва дароз намудани муҳлати рухсатии асосии хизматчии ҳарбӣ ба муддати панҷ шабонарӯз, мавриди истифода қарор медиҳем.
Илова бар ин, дар мавриди ташриф овардани падару модарон бо мақсади дидорбинии фарзандонашон, сарбозоне, ки воқеан хизматро намунавӣ адо мекунанд, бо падару модаронашон онҳоро тавсиф менамоем ва ба онҳо миннатдорӣ баён мекунем.
Баъзан имконият пайдо карда, бо мақсади миннатдорӣ баён кардан ва дилпур кардани волидони сарбозон зимни сафарҳои хизматӣ бо супориши махсуси командирон ба хонаҳои сарбозон ташриф меорем ва дар бораи хизмати хуби фарзандонашон бо онҳо маълумот медиҳем. Ҳамчунин, агар онҳо барои фарзандонашон савғотие пешниҳод кунанд, дастрасашон мегардонем.
Хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҷараёни хизмати қаравулӣ нисбат ба худ серталабиро пеша мекунанд ва иҷрои дурусти хизматро ба роҳ мемонанд, дар тахтаи “Аълочиёни хизмати қаровулӣ” аксбардорӣ карда мешаванд.
Сарбозоне, ки вазифаю уҳдадориҳояшонро ҳамеша дар вақти таъйиншуда бо сифати баланд иҷро мекунанд ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ доранд, бо мақсад ҳавасмандгардонии онҳоро ба вазифаҳои гуногун таъйин мекунем.
Ба инобат гирифтани роҳҳои дар боло зикршуда, воситаи хуби амалигардонӣ, баланд бардоштани эътибори ташаккулёбии сифатҳои ҳамидаи инсониро дар сарбозон бедор намуда, худшиносиашонро рушд дода, садоқаташонро ба миллат ва марзу буми кишварамон боз ҳам бештар мегардонад.
Парвиз БОЙЗОДА
-муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудмал
оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ,
унвонҷӯйи ДМТ, полковник