Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.05.2022
in Хабар
0
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН
0
SHARES
768
VIEWS
Share on Facebook

     Савгандёдкунии наваскарон дар қисми низомии 02615

Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии савгандёдкунии наваскарон дар қисми низомии 02615 ҳусни оғоз ёфт.

Дар оғози қисмати асосии  ҷамъомад, наваскарон бо амри барои қабул намудани Савганди ҳарбӣ ба  ҷойҳои муайяншуда, бо қадамҳои сафӣ дар маркази майдони сафороӣ саф оростанд, то ки бо даъвати командирони бевоситаи  ҷузъу томи хеш ба назди онҳо ҳозир гардида, бо ба даст гирифтани матни пурмӯҳтавои савганднома, сатрҳои онро ба забон оранд ва бо садоқату самимият ва нерӯйи диловаронаву шу ҷоати  ҷавонмардона баҳри пос доштани хоки поки Ватан ва дифо аз марзи муқаддасу мардуми шарафманди он, савганд ёд намоянд.

Ба ҳамин тартиб дар чорабинии мазкур беш аз 150 нафар наваскарони даъвати баҳорӣ дар назди афсарони Ватан, падару модарон ва дигар наздикону пайвандони хеш, бо тантанаву лафзи  ҷавонмардона Савганди ҳарбӣ қабул намуда, қавл доданд, ки дар ин

роҳи пуршараф, яъне хизмат дар сафи Артиши миллӣ нерӯ ва ҳаёти худро дареғ надошта, то нафаси охирин ба халқу Ватан содиқ мемонанд.

Афсари масъули Вазорати мудофиаи  мамлакат, генерал-майор Маъруф Шарифӣ, ки ба табрики наваскарони ин қисми ҳарбӣ омода буд, зимни баромади хеш бо бардошт аз та ҷриба ва собиқаи зиёди хизмат, аз афзалияту муҳиммияти хизмати ҳарбӣ дар ҳаёти ҳар як ҷавон ёдовар шуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро мактаби тарбия, рушди нерӯйи ақлониву  ҷисмонӣ ва обу тоб дар набарди зиндагӣ арзёбӣ намуд.

Падару модарони наваскарон зимни баромади хеш аз ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон ибрози назар намуда, аз фарзандони худ талаб намуданд, то бо ақлу заковат ва донишу маҳорати баланд, вазифаҳои дар наздашон бударо сарбаландона и ҷро намоянд.

Маросими савгандёдкунӣ дар қисми низомии болозикр бо тартиби муқаррарнамудаи ойинномаҳои умумиҳарбӣ, дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ монда шуд, ки он воқеан  лаҳзаи фаромӯшнаванда дар ҳаёти ҳар як наваскар хоҳад буд.

        Қабули Савганди ҳарбӣ дар қисми низомии 08010

Давоми беш аз як моҳи хизмати наваскарии худ дар ин қисми низомии 08010 сарбозон меъёрҳои ойинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ намуда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шуданд.

Маросими савгандёдкунии сарбозони қисми низомии мазкур бо даровардани Байрақи  ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Зимнан, ҳар як наваскар дар назди масъулини роҳбарикунандаи навъи қӯшуни хеш, афсарони қисми ҳарбӣ ва падару модарон савганд ёд намуда, қавл доданд, ки сарбози содиқу бошарафи Ватан боқӣ монда, натанҳо давоми хизмат, балки тамоми умр баҳри таъмини суботу амнияти кишвар кӯшиш мекунад. Зеро ҳифзу ҳимояи давлат ва таъмини амнияти мардум вазифаи шаҳрванд, хусусан  ҷавонони бонангу ор ва муҳофизони он мебошад. Сарбозони далеру шу ҷоъ маҳз бо дарки ҳамин рисолати фарзандӣ имрӯз хизмати ҳарбиро ихтиёр намуда, масъулияти дифои марзу буми Ватанро пеша кардаанд.

Наваскарон, садоқату самимияти худро зери Байрақи  ҷангии қисми ҳарбӣ бо баёни ибораи басо ҳам пурифтихори хизмати содиқона ба халқу Ватан нишон дода, бо шараф хондан ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд, ки дар ин роҳи пуршараф ва мояи ифтихору сарфарозӣ қадамҳои устувор мегузоранд ва хизмати масъулиятноки низомиро сарбаландона пеш мебаранд.

Ҳайати роҳбарикунанда, намояндагони бахшу соҳаҳои гуногуни  ҷомеа ва волидону наздикони сарбозон, фарзандони далеру қаҳрамони Ватанро ба муносибати қабули Савганди ҳарбӣ самимона табрику муборакбод намуда, таъкид доштанд, ки маҳз бо шарофати садоқату  ҷасорати касбӣ, фидокориву  ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ дар сарзамини поки ниёгонамон сулҳу суббот пойдор аст ва имрӯз  ҷомеаи кишвар зиндагии осоишта дорад.

Дар  ҷараёни чорабинӣ ҳамзамон як гурӯҳи сарбозони қисми ҳарбӣ бо ташкили машқҳои тан ба тан, ки баёнгари  ҷасуриву далерӣ ва омодагии доимии онҳо баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аст, хотири иштимрокчиёнро шод намуданд.

Ҷамъомади тантанавии қабули Савганди ҳарбӣ аз  ҷониби наваскарони даъвати баҳории соли равон дар ин қисми низомии Вазорати мудофиа бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ ва таҳти навои оҳангу таронаҳои аҳли ҳунар ба поён расид.

Боқӣ ШАРИФОВ,

рӯзноманигор

 

 

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД

Next Post

Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook