Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

САБАБҲОИ  ПСИХОЛОГИИ НИЗОЪ ДАР СИСТЕМАИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСАРОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.03.2026
in Мақола
0
САБАБҲОИ  ПСИХОЛОГИИ НИЗОЪ ДАР СИСТЕМАИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСАРОН
0
SHARES
19
VIEWS
Share on Facebook

Ҳаёти иҷтимоӣ саршори бархурди ақидаҳо буда, одамон аз замонҳои қадим кушиш менамуданд, ки низоҳои иҷтимоиро омӯзанд, сабабҳои пайдоши онро муайян намоянд ва роҳҳои идоранамоию ҳалли онҳоро пешгӯӣ кунанд. Донишҳо оиди низошиносӣ ҳануз аз замонҳои қадим, аз Афлотуну Арасту то Макиавели ташаккул ёфта, то ба илми мустақили низошиносии имрӯза омада расидааст.

Дар илми муосир зери мафҳуми низоҳои оилавӣ бархурди мутақобилаи фикру ақидаҳо, нуқтаҳои назар, шавқу ҳавас, нақшҳо, талаботҳои волидайн ва фарзандон, инчунин дигар хешовандони наздик фаҳмида мешавад.

Низоъ – ҳолати мухолифати психикии дутарафаи ду ва ё зиёда ашхос мебошад, ки байни якдигар пайдо кардани хусумат, душманӣ, дуршавӣ аз якдигар, вайрон шудани муносибатҳо, мувофиқ наомадани нуқтаҳои назар, шавқу ҳавас ва ё талаботҳои онҳо фаҳмида мешавад[7,с.106 ].

Низоҳои оилавӣ яке аз шаклҳои нисбатан паҳншудаи низоъ ба ҳисоб меравад. Мутахассисон чунин ақида доранд, ки низоъ дар ҳамаи оилаҳо новобаста аз таљрибаи чандинсолаи ҳаёти якљоя, сатҳи дониш, вазъи иқтисодӣ ва диагар омилҳои таъсиррасон дида мешавад. Низоҳои оилавӣ дар муҳити хонавода ҳамчун зуҳуроти муқаррарӣ ба ҳисоб рафта, дар муносибатҳои байнишахсӣ метавонад гуногунфикрӣ пайдо шавад.  Барои бунёди оила, шахсони дорои хислатҳои гуногуни фардӣ, дорои мақсаду, маромҳо, ҷаҳонбинӣ ва таљрибаи ҳаётии гуногун мутаҳид мешаванд. Сар задании низоъ дар оила бо кушишу талоши одамон баҳри қонеъ гардонидани ин ё он талаботи худ новобаста аз фикру ақидаи ҳамсари худ ва ё дигар аъзоёни оила алоқаманд аст. Одатан муаммоҳои оилавӣ аз пурра ё умуман иљро нагардидани вазифаҳои оилавӣ сар мезананд.

Ноустувории никоҳ дар оила, зиёдшавии шумораи пошхурии оилаҳо, паст шудани вазифаи такрористеҳсолии оила, нишонаҳои хоси давлатҳои тараққикардаи рўйи дунё мебошанд. Љомеашиносон сабаби ин ҳодисаро дар урбанизасияи аҳолӣ ва ҳамчун натиљаи шиддатнок шудани мухољират, озодии занон, инқилоби илмӣ — техникӣ ва дигаргунии дигар равандҳои таъсиррасонанда, ҳамчун шароити иљтимоию – иқтисодӣ, маданӣ, этникӣ ва динӣ мебинанд.

Дар дохили ҳар як муносибат метавонанд мутаносибият ва номутаносибиятҳое вуҷуд дошта бошанд, ки ба ташаккулёбии шахсият таъсири мусбат ё манфӣ расонанд. Тибқи таҳлилҳо мавҷудияти гуногунақидагӣ дар байни марду зан дар оила оид ба ягон масъала шаҳодати он аст, ки муносибати онҳо дар рафти инкишоф ва шаклгирӣ қарор дорад, онҳо барои якдигар ҳоло ҳам ҷолибу дилписанд мебошанд. Дар баробари ин, метавонанд низоҳои оилавӣ вуҷуд дошта бошад, ки барои минбаъд ба дунё овардани фарзандону тарбия намудан ва инкишоф додани шахсияти онҳо дар оила монеа эҷод намоянд, зеро чунин ҳолат метавонад ба вайроншавии оила бурда расонад. Ба сифати сабабҳои бавуҷудоварандаи вайроншавии системаи муносибатҳои оилавӣ омилҳои гуногун баромад мекунанд, ки онҳоро ба таври зайл гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:

  • омили иқтисодӣ — дарачаи пасти музди меҳнат, бекорӣ (набудани даромади иловагӣ аз ҳисоби маъюбият, корношоямӣ ва ғайра);
  • омили иҷтимоӣ — майзадагӣ, нашъамандӣ, хиёнат ба якдигар ва ғайра;
  • омили психологӣ — бераҳмӣ, бадхашмӣ, дағалӣ, рашк, хушунат, бевафоии зану шавҳар, номувозинатиҳо дар муносибат ва ғ.;
  • омили тиббӣ — бемориҳои давомдори сирояткунанда ва узвҳои таносул, вайроншавихои психикӣ ва ҷинсӣ ва ғ [4, с.5-6]..

Аҳамияти муайянкунандаи устувории оила дар омилҳои дохилии оила зоҳир мегардад. Асоси барҳамхўрии оиларо низои байни зану шавҳар ташкил медиҳад.

Омилҳои муҳими низоҳои зану шавҳар хусусиятҳои муайяни шахсии ҳамсарон мебошанд, ки сифатҳои шахсияти ихтилофӣ номида мешаванд. Сифатҳои шахсияти ихтилофӣ инҳоро дар бар мегиранд:

  • худбаҳодиҳии нокифоя ва қобилиятҳои шахс, ки онро аз ҳад зиёд арзёбӣ кардан ё нодида гирифтан мумкин аст. Дар ҳарду ҳолат, он метавонад ба арзёбии мувофиқи дигарон мухолиф бошад, ки барои низоъ замина эҷод мекунад;
  • хоҳиши ҳукмронӣ ба ҳар ҷое, ки имконпазир ва ғайриимкон аст;
  • консерватизми тафаккур, ақидаҳо, эътиқодхо, майл надоштан ба бартараф намудани урфу одатҳои куҳнашуда;
  • риояи аз ҳад зиёд ба принсипҳо ва ошкорбаёнӣ дар изҳорот ва мулоҳизаҳо, хоҳиши ру ба ру гуфтани хақиқат;
  • маҷмӯи муайяни хислатҳои эмотсионалии шахсият: изтироб, хашмгинӣ, якравӣ, асабоният[1,с.58-60 ].

Яке аз омилҳои муҳими шахсӣ, ки низоҳои байни зану шавҳарро муайян мекунад, дараҷаи худхоҳии онҳост. Хислатҳои худхоҳии зану шавҳар, тамаркузи онҳо ба “Ман”-и худ яке аз омилҳои бесуботии зиндагии зану шавҳар ва пайдоиши низоҳост. Худпарастӣ ва худхоҳии ҳамсарон боиси вайроншавии издивоҷ мегардад. Парадокси вазъият дар он аст, ки зану шавҳар, чун қоида, худхоҳии шарики худро мебинанд, вале худбинии худро намебинанд [6].

Камбудии асосии тарбияи ахлоқии ин гуна шахсон дар он аст, ки онҳо аз як сӯ бо даъвоҳои пурғавғо, ниҳоят муболиғакунон нисбат ба тамоми атрофиёнашон ва аз тарафи дигар зери бемасъулиятии шадиди маънавӣ тарбия меёбанд. Шахси худпараст(эгоист) аз дигарон ҳадди аксарро талаб мекунад ва ба дигарон ҳадди ақалро медиҳад.

Зимнан, ҳаёти оилавӣ ҳамеша ба назар гирифтани манфиатҳои дигар аъзоёни оила ва ғамхорӣ дар бораи онҳоро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин, худхоҳии як ё ҳарду ҳамсаронро ба назар гирифтани манфиатҳо ва махсусан ғамхории воқеиро нисбати дигар одамони наздик истисно мекунад.

Мушкилоти гуногун дар ҳаёти оилавӣ метавонад омили таъсиргузор ба низоҳои байни зану шавҳар бошад. Омодагии инсон, қобилияти паси сар кардани ҳар як мушкилоти зиндагӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини камолот аст. Ҳама гуна душвориҳои зиндагӣ, ки дар руҳияи ҳамсарон ба таври субъективӣ инъикос ёфтаанд, шиддати нобаробари равонӣ, муносибатҳои гуногунро ба вуҷуд меоваранд, ки дар рафтори воқеӣ инъикос меёбанд. Он чизе, ки барои яке аз ҳамсарон метавонад таҷрибаи душвор бошад, барои дигаре ҳодисаи оддии ҳамарӯза аст, гарчанде ки боиси эмотсияҳои манфӣ ва шиддатнокӣ мегардад. Бартараф кардани душвориҳо ҳатман бо фишори равонӣ алоқаманд аст. Одамони дорои қувваҳои гуногуни системаи асаб метавонанд ба фишорҳои гуногуни равонӣ тоб оранд.

Ҳамзамон, ҳамсарон метавонанд дар як вақт мушкилоти хеле гуногун дошта бошанд: моддӣ, маишӣ, нофаҳмиҳо  бо волидони ин ё он тараф, душвориҳои гуногун дар муҳити корӣ, нокифоя будани вақт, бемории кӯдакон ва вазъи саломатии худи шахс. Аз ин рӯ, руҳияи инсон бояд омода бошад, ки дар як вақт ба душвориҳо   тоб оварда тавонад.

Аксар вақт шиддат дар натиҷаи душвориҳои объективии хаёти оилавӣ ба амал омада ба таври музмин мегузарад. Дар чунин ҳолат     эмотсияҳои манфии доимии ҳар як ҳамсар боиси  норозигӣ аз ҳаёти оилавии худ мешавад. Табиати зиндагии якҷоя чунин аст, ки беихтиёр дар зеҳни ҳамсарон тамоми мушкилот бо шахсияти ҳамсари дигари ҳамсафари ҳаёти алоқаманд аст. Ҳамсарон дар бархурди эмотсионалӣ хислатҳои шахсии ҳамдигарро танқид мекунанд, таҳқиру таҳдидҳо оғоз мешавад, ки ба таври аламовар ва ҳассоснок ба «Ман»-и онҳо таъсир мерасонанд.

Омили муҳими дараҷаи низоъ дар муносибатҳои оилавӣ метавонад дараҷаи мувофиқат ё бархурд байни арзишҳои ҳаётии ҳамсарон бошад.

Ҳамсарон, аслан, системаҳои арзишҳои ҳамдигарро хуб медонанд ва метавонанд рафтори шарики худро пешгӯӣ кунанд. Вақте ки ҷавонон оиладор мешаванд, онҳо аслан аз арзишҳои умумибашарӣ огоҳӣ доранд.  Барои ба хам мувофик шудани афкор ба амал омадани як давраи кутох, на чандон вақт бояд гузашт. Ин равандро мутобиқшавии мутақобила дар   системаҳои арзишҳои инфиродӣ меноманд.

Аслан ҳама он чизе, ки ба конеъ гардонидани талаботи гуногун алоқаманд аст, метавонад ҳамчун арзиш амал кунад: моддӣ, психологӣ, физиологӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ. Системаи арзишҳо имкон медиҳад, ки шахс муайян кунад, ки дар ҳаёти издивоҷ ва оиладорӣ барои ӯ чӣ зарур ва муҳим аст. Чунин арзишҳо метавонанд: фарзандон, саломатӣ ва некӯаҳволии онҳо; муҳаббат, дилбастагӣ, ғамхорӣ аз ҷониби шарик; некӯаҳволии моддии оила ва шароити қаноатбахши зиндагӣ; қаноатмандӣ аз ҳаёти ҷинсӣ дар издивоҷ; саломатии худ ва ҳамсар; муносибати хуб бо волидон ва хешовандони ҳарду ҷониб; имконияти пурра бахшидан ба эҷодиёти дӯстдоштаи худ, касби дӯстдоштаи худ, муваффақияти касбӣ ва касб [9].

А.Кроник ва Е.Кроник дар бораи наздикии психологии байни одамон тадқиқоти сершумор гузаронидаанд. Маълум шуд, ки муносибатхои байни одамон доимӣ набуда, ба тағйироти гуногун дучор мешаванд. Инчунин мушоҳида шудааст, ки дар баъзе одамон сатҳи наздикии равонӣ ба ҳадди аксар мерасад (дар доираи миқёси дар боло тавсифшуда). Муаллифони тадқиқот чунин муносибатҳои маҳрамонаро муносибатҳои муҳаббат, яъне «муносибатҳо бо одамони наздиктарин, ягона ва ивазнашаванда» мешуморанд[5,с.78 ].

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як ҳамсар маҳдудияти наздикии равонии худро бо дигар дорад. Ин масофаест, ки ҳангоми вайрон шудан муошират душвор, дарднок ва нороҳат мегардад. Барои мардон масофа одатан калонтар, барои занон маҳдудтар аст. Ва агар дар аввал шавҳар, ки ба зани маҳбуби худ мутобиқ шуда, бо ӯ дар масофаҳои кӯтоҳтар «занона» муошират кунад, пас ин аз ҳад зиёд коҳиши минбаъда, масофа, хоҳиши каме дур рафтан ба маънои равонӣ, дохилӣ мегардад.

Мардон мехоҳанд, ки ба ҳадди наздикшавии психологӣ ҳеҷ гоҳ расида нашавад, то имкони ҳаракат боқӣ монад, ба ибораи дигар, фазое боқӣ мемонад, ки дар он ҳанӯз ҳам наздик шудан мумкин аст. «Барои ҳамин  чизи ҳалношуда, номаълум ҳамеша дар зан боқӣ мемонад  ба ақидаи  муҳаққиқон шояд — ин қонуни асосии ҷолибияти зан аст»[ 5,с.178].

Мутахассиси барҷастаи амрикоӣ дар психотерапияи оилавӣ Карл Уитакер ҳатто боварӣ дорад, ки талоқ бемаънӣ аст. Шумо танҳо лозим аст, ки (гарчанде ки ин аслан осон нест) пайваста муносибатҳоро танзим кунед, онҳоро аз сарбаста берун кунед ва энергияи низоҳоро ба рушди шахсии ҳарду равона кунед, на ба айбдоркуниҳо ва талоқ. Дар акси ҳол, тамоми энергияи муносибатҳо, ҳикмати дар онҳо тавлидшуда, тамоми таҷриба ба сӯи айбдор кардани якдигар, бор кардани айб ва масъулият ба тарафи дигар меравад. Танҳо он гоҳ одамон издивоҷро комилан заиф, ба маънои равонӣ  тарк мекунанд.

Яке аз мушкилоти ҳамешагии оилаҳо ин низои оилавӣ мебошад. Мушкилоти оилавӣ, нофаҳмиҳои оилавӣ метавонад дар ҳар як оила, новобаста аз вазъи иқтисодӣ ва мақоми иљтимоӣ онҳо сар занад. Ҳарчанд низоъ ва зиддият як зуҳуроти таркибии оилаҳо ба ҳисоб меравад, аммо тезутунд ва характери доимӣ гирифтани низоъҳои оилавӣ, аз зери назорат баромадани низоъ ва љой надоштани маданияти созиши тарафҳо ба ҳолати психологӣ, саломатии ҷисмонии ҳамсарон ва устувории оила хатар эҷод менамоянд.

Оилаҳои низоъдор оилаҳое мебошанд, ки дар онҳо доим муҳити низоӣ вуҷуд дорад. Аъзоёни онҳо бо баҳонаҳои ночиз доимо љангу хархаша менамоянд. Дар ин гуна оилаҳо пеш аз ҳама зиддиятҳо ва мољарои зану шавҳар ба мушоҳида мерасанд. Одамон аз якдигар фарқ мекунанд, аз ҳамин хотир, муносибати онҳо низ ба оила гуногун мебошад. Баъзеҳо оиларо ҳамчун наздикии љинсӣ мефаҳманд, дигарон бошанд ҳамчун наздикии маънавӣ бо дигар одам, сеюмин дар оила мақсаду талаботҳои худро пеш гузошта, ҳамсари худро барои амалӣ гардонидани нақшаи худ ҳамчун восита истифода мебарад. Аксари одамон намефаҳманд, ки оила – ин хушбахт кардани касе, ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои нигоҳ доштани муносибатҳо ва ҳиссиёт мебошад.

Одатан, низоъ дар байни ҳамсарон бо ягон сабаби мушкил сар мезанад. Барои ҳар як марҳилаи ҳаёти оилавӣ вазиятҳои низоӣ хусусиятҳои хоси худро доранд. Нақши низоъ дар марҳилаҳои ибтидоии бунёди оила назаррас аст, чунки дар ин вақт ҳамсарон танҳо ба якдигар мутобиқшавиро оѓоз карда истодаанд. Дар ин марҳила муайян намудани сабабҳои вазъияти низоӣ ва роҳҳои ҳаллӣ онҳо зарур аст[ 2,c.175]

Сабаби низоъҳои оилавӣ бениҳоят зиёданд ва ҳар яки мо метавонем якчанд сабаби сар задании низоъҳои оилавиро ҷудо намоем:

  • тафовути нуқтаҳои назар нисбати ҳаёти оилавӣ;
  • қонеъ нагаштани талаботҳо;
  • майзадагии яке аз ҳамсарон;
  • хиёнат нисбат ба ҳамсар;
  • беэҳтиромӣ нисбати якдигар;
  • надоштани хоҳиши иштирок кардан дар тарбияи фарзанд;
  • беэҳтиромӣ нисбати хешу табор;
  • дар корҳои хољагидорӣ иштирок накардан;
  • тафовут дар масалаҳои маънавӣ;
  • худхоҳии аз ҳад зиёд;
  • мувофиқ наомадани мизоҷ;
  • рашки беасос [ 9].

Донишманди рус В.А. Сисено сабаби низоъҳои оилавиро каме васеътару мушаххастар шарҳ додаст:

  • қонеъ нагаштани талаботҳои шаҳвонии яке аз ҳамсарон;
  • қонеъ нагаштан аз муносибатҳои оилавӣ, мисли вайрон кардани ҳисси қадри шахсӣ аз тарафи ҳамсар, изҳор кардани муносибати дағал, беэҳтиромӣ, таҳқир кардан, ҳамеша танқид кардан ва амсоли ин;
  • қонеъ нагаштани яке ва ё ҳардуи ҳамсарон аз ҳиссиёти мусбӣ (ғамхорӣ накардан, меҳрубонӣ накардан, диққат надодан, набудани якдигарфаҳмӣ, аз љиҳати психологӣ дуршавии ҳамсарон аз якдигар);
  • майл доштани яке аз ҳамсарон ба қиморбозӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ба ин монанд, ки харљи зиёди маблаѓро талаб мекунад;
  • мухолифати ҳамсарон дар хусуси молия (масалаҳои буљаи умумӣ, харљи оилавӣ, саҳми ҳар яке аз ҳамсарон дар таъминоти моддӣ);
  • қонеъ нагаштан аз кўмаки муштарк, дастгирии тарафайн, талабот ба ҳамкорӣ, қонеъ нагаштан аз пеш бурдани хољагидорӣ [8,с.44 ].

Яке аз сабабҳои нисбатан маъмули низоъ ин худхоҳии ҳамсарон мебошад. Худхоҳ сарфи назар аз талаботҳо ва манфиатҳои наздикони худ карда, пеш аз ҳама оиди талаботҳо ва манфиатҳои шахсии худ фикр мекунад. Агар яке аз сабабҳои асосии сар задани низоъҳо дар оила ва бадбахтии оилаҳо ин худхоҳӣ бошад, пас сабаби дигари низоъҳои оилавӣ – ин якравии ҳамсарон аст. Якравӣ дар ҳаёти оила яке аз монеаҳои ҷиддии якдигарфаҳмӣ, ризоият, устувории оила ба ҳисоб меравад. Яке аз масъалаҳои муҳим — омода накардани наврасон ба никоҳ (издивоҷ) аз тарафи падару модар ва ҷомеа мебошад, ки дар натиља дар оилаи ҷавон дар нигоҳубини фарзанд мушкилоти зиёде пайдо мешаванд, ки ба нооромӣ, низоъ, ҷанҷолҳо, занозанӣ ва ё латту кўб оварда мерасонанд. Дар баъзеи оилаҳои ҷавон падар ё модарони ноболиғ намедонанд чӣ тавр фарзандро бояд тарбия намоянд ё фарзандро тарбия кардан намехоҳанд.

Хислат ва хусусиятҳои рафтори инсон, ки боиси сар задании ихтилофҳои оилавӣ мегарданд: майли бартарияти ҳамеша якум будан; принсипнокии аз ҳад зиёд; дар мулоҳизарониҳо барзиёд руйи рост ва ростгўй будан;танқиди беасос; ҳолати бади равонӣ, хусусан, агар ин ҳолат мунтазам такрор шудан гирад; куҳнапарастӣ ва тафаккури анъанавӣ; ҳақиқатпарастӣ, ошкоргўӣ, ҳаёти шахсиро халалдор кардан; кушиши ба даст овардани мустақилияти зиёд; рафтору амалҳои дигаронро беадолатона баҳо додан, шахсияти як нафарро паст задан; имкониятҳо ва қобилиятҳои худро нодурусту барзиёд баҳо додан; нишон додани ташаббуси эљодӣ, дар ҳоле, ки он зарур нест .

Ҳамин тавр, дар асоси гуфтаҳои боло метавон ба чунин хулоса омад, ки  яке аз сабабҳои маъмултарини низоъҳо байни ҳамсарон ин интизориҳои номувофиқ аз ҳамдигар мебошанд — вақте ки яке аз ҷонибҳо аз ҳамсар чизеро интизор аст, ки ҳаёт ва дараҷаи расидан ба он дигар аст. Ин интизориҳои номувофиқ метавонанд ба норозигӣ, асабоният ва натиҷан низоъ расанд. Барои кам кардани низоъ ва барқарор кардани ҳамдигарфаҳмӣ дар системаи муносибатҳо, равоншиносон тавсия медиҳанд:

  • муоширати кушода ва ростқавлона;
  • омӯзиши малакаҳои ҳалли низоъ;
  • муҳокимаи интизориҳо ва мувофиқа кардани онҳо дар сатҳи воқеӣ;
  • қобилияти идора кардани стресс ва дастгирии ҳамдигар.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки низоъ дар байни ҳамсарон маҷмуи омилҳои психологиро дар бар мегирад — аз интизориҳои номувофиқ ва фарқияти характери шахсӣ то набудани муоширати созанда ва стрессҳои ҳамарӯза. Фаҳмидани ин сабабҳо ва сохтани тарзи муносибат бо истифодаи усулҳои самаранок метавонад дар пешгирии низоъ ва таҳкими муносибатҳо кӯмак расонад.

Сафарзода Зарина Раҷаб,

номзади илмҳои психологӣ, дотсенти кафедраи психологияи ДМТ,

Саидзода Аниса Бобоҷон,

магистранти курси 1 уми ихтисоси психологияи ДМТ

 

 

 

Previous Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД МАСАТО КАНДА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД МАСАТО КАНДА

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД МАСАТО КАНДА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook