Ҳайати хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои низомии «Бародарии шикастнопазир — 2026», ки аз 12 то 18 октябр дар машқгоҳи ҳарбии «Лосвидо» — и Ҷумҳурии Белорус доир мегардад, фаъолона иштирок доранд.

Хизматчиёни ҳарбии мо дар якҷоягӣ бо воҳидҳои посдорони сулҳ аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти даста ҷамъӣ (СААД) бо иҷрои фаврӣ ва касбии вазифаҳои барояшон вогузорбуда, бори дигар собит намуданд, ки дониш ва малакаи баланди ҷангӣ доранд.

Дар ин машқгоҳ барои баргузории машқҳои муштараки низомӣ шароити муносиб фароҳам буда, техникаҳои гуногуни низомӣ, яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти зарурӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ имкон фароҳам менамояд, ки вазифаҳои худро бе мушкилӣ иҷро намоянд.

Гузаргоҳҳои назоратӣ барои таъмини назорати вуруд, кафолати амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ ва боздошти қонуншиканон пешбинӣ шудаанд.

Вазифаҳои асосии неруҳои посдорони сулҳ дар нуқтаҳои назоратӣ аз намоиш додани ҳузури неруҳои посдорони сулҳ ва аҳолии маҳаллӣ дар минтақаи амалиёт, назорати вазъият дар доираи минтақаи масъулияти худ, тафтиш ва назорати ҳаракати одамон ва воситаҳои нақлиёт, инчунин пешгирии қочоқи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ва дигар ашёи мамнуъ иборат буд.






