Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода оғоз гардид.

Нахуст ба майдони баргузории чорабинии идона Байрақи ҷангӣ бо тартибу низоми хос ворид карда шуд.
Сипас ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлату миллати тоҷик Суруди миллӣ садо дод.

Пас аз даровардани Байрақи ҷангӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода ҳамаи генералҳо, афсарону прапоршикон, устодон, омӯзгорон ва курсантони донишкадаро бо рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик намуд.

Таъкид шуд, ки ин рӯз барои ҳар як курсанти донишкада рӯзи фаромӯшнашаванда ва дар ҳаёти онҳо лаҳзаи хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро қадамҳои аввалини ҳамаи курсантон барои афсари бошарафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гардидан, маҳз аз ҳамин рӯз оѓоз мешавад.

Ҳушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва хизматчиёни ҳарбӣ, имрӯзҳо дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз он ҳамасола ин донишкадаи олии ҳарбии кишварро садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номус хатм намуда, ҳамчун мутахассисони хуби соҳаи низомӣ дар сафҳои Артиши миллӣ ба Ватан хизмати содиқона хизмат мекунанд.

Соли равон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа беш аз 300 нафар ҷавонон дохил шуда, номи пуршарафи курсанти донишкадаро сазовор гардиданд. Аз ин шумора қариб 100 нафар барои таҳсил ба хориҷи кишвар сафарбар гурдиданд.

Айни замон донишкадаи мазкур бо шароити замони муосир, аз рӯйи 20 ихтисос мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи низомиро омода менамояд. Таҳсил дар Донишкадаи ҳарбӣ ройгон ба роҳ монда шуда, ҷавонон баъди хатм дар зинаи бакалавр, сазовори рутбаи ҳарбии лейтенант мешаванд.

Хатмкунандаҳои Донишкадаи ҳарбӣ имкон доранд, баъди хатми ин даргоҳи илмомӯзӣ, таҳсили хешро дар як қатор давлатҳои хориҷи кишвар идома диҳанд.

Донишҷӯёни донишкадаи мазкур баъди хатми ин муассиса ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ дар ҳайати сохторҳои низомии кишвар ба вазифаҳо таъйин карда мешаванд.

Дар қисмати охири чорабинии идона ҳайати курсантони донишкада таҳти навои аркестри ҳарбӣ-нафасӣ дар ҳузури роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон гузашти низомӣ доир намуданд.






