Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
31.08.2026
in Хабар
0
РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ
0
SHARES
37
VIEWS
Share on Facebook

 

Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода, афсарону прапоршикон, устодону омӯзгорон, курсантон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.


Чорабинии идона бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдон оғоз ёфт. Ин маросим бо тартибу низоми хос сурат гирифта, аз арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дарак медиҳад. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиа тамоми ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ самимона табрик намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки расидан ба ин рӯзи фархунда ва дастовардҳои имрӯза натиҷаи сиёсати созандаю дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мебошад. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик заминаи устувори рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, илм ва омодасозии кадрҳои баландихтисосро фароҳам овард.


Гуфта шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, ба маротиб беҳтар гардидааст. Барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, заминаи моддию техникии муассиса пайваста таҳким меёбад.


Ҳамчунин зикр гардид, ки нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бозёфт ва муаррифӣ намудани истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани шавқу рағбати насли наврас ба илму дониш ва омода намудани мутахассисони баландихтисос муҳим арзёбӣ мегардад.


Бояд қайд намуд, ки то имрӯз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа беш аз чор ҳазор нафар мутахассисони соҳаи низомиро омода намуда, хатмкунандагони он имрӯз дар сохторҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд ва дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.


Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми пайвастаи Вазорати мудофиа шароити таълиму тарбия дар Донишкадаи ҳарбӣ сол то сол беҳтару мукаммал мегардад. Синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, заминаи таълимӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ карда мешавад. Ин ҳама имконият медиҳад, ки курсантон дар баробари донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалии касбӣ ва низомиро низ ба таври зарурӣ аз худ намоянд.


Дар қисмати хотимавии чорабинии тантанавӣ ҳайати курсантон таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ дар назди роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон гузашти низомӣ анҷом доданд.

Previous Post

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Next Post

МУЛОҚОТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

МУЛОҚОТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

06.09.2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.09.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook