Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имкон дод, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мавқеъи худро ба таври мушаххас муайян намояд. Баробари соҳибихтиёр гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории судмандро пеш гирифт, ки то имрӯз натиҷаҳои хеле назаррас ба даст омад. Дар доираи сиёсати муваффақи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо як қатор созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва кишварҳои ҳамҷавору хориҷии дуру наздик муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намуд, ки он боиси баланд гардидани имиҷи сиёсии кишвар гардид. Дар доираи сиёсати «дарҳои боз» муяссар гардид, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пасошуравӣ баъзе масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳаллу фасл гардад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ин ташаббусҳо мақоми кишвари моро боз ҳам баланд бардошт. Махсусан, ҳакморӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин давраи начандон тӯлонӣ ба дараҷаи хеле баланд роҳандозӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 7-уми январи соли 1993 бо Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин, сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз соли 1998 фаъолият дорад.
Бояд қайд намуд, ки аз ибтидо муносибати дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд роҳандозӣ гардида, то имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон дар минтақа яке аз шарикони боэътимод ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Махсусан, дар самти иқтисод, Қазоқистон барои кишвари мо яке аз шарикони муҳим мебошад. Ҳанӯз дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон соли 1993 санади асосӣ «Аҳднома дар бораи заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расида буд. Минбаъд зимни ташрифҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ин кишвар солҳои 1995, 2006, 2008 як қатор санадҳои оид ба бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.
Бо ташабууси сарони ду кишвар ҷиҳати ҳалли самарабахши маъсалаҳои муҳим ва рушди минбаъадаи ҳамкориҳои дуҷониба – Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, Шурои Вазирони корҳои хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода шуд.
То имрӯз асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро зиёда аз 80 санад ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки санадҳои мазкур фарогири самтҳои иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ мебошанд, ки рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро таъмин менамоянд.
Муносибатҳои судманд ва ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии ду ҷониб, ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД ва СҲШ сурат гирифта истодааст.
Читавре қайд карда шуд, дар меҳвари муносибатҳо самти иқдисод қарор дорад. Ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро асосан саноати сабук, металургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва самти кишоварзӣ ташкил медиҳад. 12-13 сентябри соли 2007 аз ҷониби роҳбарони ҳарду кишвар масъалаи ташкили «Фонди сармоягузориҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистон» ба мувофиқа расид, ки ҳадаф аз он дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҳарду мамлакат ва хориҷ аз онҳо аст.
Дар умум раванди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Қазоқистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан судманд роҳандозӣ шуда, дар ин асос муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ таҳким меёбанд.
Ҳамчунин, бо мақсади рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар, бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон (№60 аз 27.04.2015) Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ё Комиссияи парламентии байнидавлатӣ бо Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд.
Бояд хотирнишин сохт, ки 19-20 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин раванд ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ва самтҳои ҳамкориҳои ду кишвар мубодилаи афкор намуданд. То имрӯз бо сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон зиёда аз 60 корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Асосан ҳамкориҳои дуҷониба самтҳои тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегиранд.
Дар доираи муносибатҳои мутақобилан судманд 19-20 майи соли 2021 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба рушди ҳамкориҳои стратегии ду кишвари бародар такони нав бахшид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтидории ҳамкориҳои иқтисодии тарафайн хеле бузург мебошад. Дар ин радиф ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ мунтазам баргузор мешаванд.
Дар ин баробар ба рушди густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Баргузор гардидани ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар доираи ин мунтазам баргузор гардидани Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ мегардад.
Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон (25.8.2023) инъикосгари идомаи ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши ду кишвар мебошад. Дар баробари сурат гирифтани муколамаи афкор миёни сарони давлатҳо дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон то 29 август идома менамояд.
Ҷамолиддин ШАРИПОВ,
Муҳаммад РАҲМОНЗОДА,
устодони ДМТ