Ҷамъомади таълимӣ-амалии навбатии афсарони соҳаи ақибгоҳ дар пойгоҳи қисмҳои ҳарбии 87740 ва 07017-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ, дар гарнизони Хатлон доир гардид. Рӯзи аввали ҷамъомад масъулини роҳбарикунандаи самти таъминоти ақибгоҳии Вазорати мудофиа дар назди ҳайати шахсӣ баромад намуда, мақсад аз баргузории ҷамъомадро баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони соҳаи ақибгоҳ оид ба ташкили таъминоти ақибгоҳӣ, самаранок истифода бурдани хоҷагиҳои ёрирасон ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани низоми таъминоти ақибгоҳии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат арзёбӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки афсарон оид ба таъминоти ақибгоҳӣ дар ҳамагуна вазъияти хизматӣ барои таъминоти саривақтии ҷузъу том бо воситаҳои моддӣ, назорати сифат ва дурусту сарфакорона истифода бурдани молу амволи шайъӣ, маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, инчунин дар ҳолати хуб нигоҳдории анборҳои таҳти тобеият, фонди манзил, риояи қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ва амсоли ин вазифадор мебошанд.
Ин аст, ки дар қисмати амалии ҷамъомад зимни машғулиятҳои тайёрии махсуси соҳавӣ тарзи истифодаи захираи ангишт ва ҳезум, инчунин тақсимоти дурусти он мувофиқи меъёри лозима дар қисмҳои ҳарбӣ, таҳияи нақшаҳои солона ва баҳисобгирии талаботи солонаи воситаҳои моддӣ нишон дода шуд.
Дар нуқтаҳои таълимии ба ҷамъомад пешбинигардида дар пойгоҳи қисмҳои ҳарбӣ ҳаммоми саҳроӣ, ҷойи дастурӯйшуйӣ бо истифода аз контейнерҳо ва мошини ҷомашӯйии сайёр ба намоиш гузошта шуда буд, ки тибқи муқаррарот истифодаи он дар шароити саҳро ҳангоми будубоши ҳайати шахсӣ, иштироки онҳо дар ҷамъомаду машғулиятҳои берун аз ҳудуди қисми низомӣ ва зимни баргузории машққҳои ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.
Умуман, имрӯзҳо масъулин оид ба таъминоти ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ҳамаи самтҳои таъминоту хизматрасонӣ ба дастовардҳои арзандаи соҳавӣ ноил гардиданд, ки он албатта аз шароити хубу таъминоти босифати хизматчиёни ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои низомӣ дарак медиҳад. Аз ҷумла, бо ташкили фермаҳои чорводориву мурғпарварӣ масъулин азм доранд, ки таъминоти хизматчиёни ҳарбиро бо шир, гӯшт, тухм ва дигар маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшаванда боз ҳам дар сатҳи баланд роҳандозӣ намоянд. Чорводонрони раёсатҳои Қувваҳои Мусаллаҳ айни ҳол парвариши навъи гови “Буракарпатӣ”-ро роҳандозӣ намудаанд, ки ба андешаи мутахассисони соҳа он ба шароити иқлими шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон мутобиқ мебошад.
Ҷиҳати босифат нигоҳдорӣ намудани маводи озуқаворӣ, хӯрока ва маҳсулоти полезиву кишоварзӣ дар пойгоҳҳои қисмҳои ҳарбии зикргардида анбору сардхонаҳои замонавӣ бунёд гардида, бо сохтмони гармхонаҳо дар самти парвариш ва таъмини ҳайати шахсӣ бо маҳсулоти кишоварзии тару тоза чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Зимни баргузории марҳилаҳои ҷамъомад дар пойгоҳи қисми ҳарбии 07017 афсарони соҳа аз бинову иншооти гуногуни хизматӣ дар дохили хобгоҳи сарбозон, ки бо шароити хубу ҳозиразамон, системаҳои гармидиҳӣ ва дигар нуқтаҳои мусоид барои пешбурди фаъолият ва хизмати рӯзмарра дар мавсими сардӣ фароҳам оварда шудааст, дидан намуданд.
Бо мақсади татбиқи амалии Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар дар марҳилаи якум барои солҳои 2025-2027 ва ҷиҳати оғоз намудани ниҳолшинонӣ дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ, афсарони соҳаи ақибгоҳ дар боғи навбунёди қисми ҳарбӣ ниҳоли зардолу шинониданд. Ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ бо маслиҳату машварати мутахассисони соҳа доир ба шинонидаи ниҳол ва парваришу нигоҳубини он сурат гирифт.
Дар интиҳои ҷамъомад масъулини роҳбарикунандаи ин самти фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолияти соҳаро дар давоми сол ҷамъбасту натиҷагирӣ намуда, дар доираи нақшаи тасдиқгардида ҳайати шахсиро барои соли 2025 вазифагузорӣ намуданд. Тавре, таъкид шуд таъминоти ақибгоҳӣ барои дар сатҳи баланди омодабош нигоҳ доштани ҷузъу том равона шуда, он дар минбаъда низ аз афсарони соҳа масъулияти баланди касбиро талаб менамояд. Ҳамин тавр, барои дарки баланди масъулият ва ноил гардидан ба нишондодҳои хуби хизматӣ чанде аз афсарон бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник