Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ-БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.07.2024
in Хабар
0
РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ-БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТӢ
0
SHARES
103
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади методӣ-таълимии муовинони фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони командирон оид ба ақибгоҳ ва сардорони хадамотҳои ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ин навбат дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамал ва Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллии мамлакат ташкилу ба роҳ монда шуд.

Зимни оғози ҷамъомади мазкур муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, генерал-майор Бобоҷон Саидзода дар назди ҳайати шахсӣ баромад намуда, диққати ҳозиринро ба таъминоти ақибгоҳӣ, ки омодабошии ҷангии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба он вобастагии зич дорад, ҷалб намуд.

Дар нуқтаҳои таълимӣ барои афсарони соҳа амалҳои гуногун оид ба риояи дурусти қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар рафти хизмати рӯзмарра ва иҷроиши ҳатмии талаботи оинномавии онҳо, бо роҳу усулҳои гуногун ва таҷрибаи пешқадам нишон дода шуд.

Ҳамин тавр, дар қисмати намоишии ҷамъомад иштирокчиён аз ҳолати нигоҳдории борхалтаи сарбозӣ ва маҳсулоту таҷҳизотҳои он, шароити фароҳамовардашуда дар хобгоҳи сарбозон ва вобаста ба ҳолати таъминоти ақибгоҳӣ дар ин қисми ҳарбӣ бошад, аз анбори сабзавоту мевагиҳо, хӯрока ва дигар молу амволи шайъӣ дидан намуданд.

Дар хоҷагии ёрирасон гармхонаҳо ва ҳуҷраҳои меваю сабзавотхушккунӣ бунёд карда шудааст, ки шароити фароҳамовардашуда дар он барои истифодабарӣ ва хушк намудани ҳама намуди меваю сабзавот басо ҳам мусоид мебошад.

Дар анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии ин навъи қӯшун, ки ба ҳайати шахсӣ нишон дода шуд, сардхонаҳои замонавӣ низ сохта ба истифода дода шудааст.

Умуман, имрӯз масъулин оид ба таъминоти ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ҳамаи самтҳои таъминоту хизматрасонӣ ба дастовардҳои арзандаи соҳавӣ ноил гардиданд, ки он албатта аз шароити хубу таъминоти босифати хизматчиёни ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои низомӣ дарак медиҳад. Аз ҷумла, бо ташкили фермаҳои чорводориву мурғпарварӣ масъулин азм доранд, ки таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ бо шир, гушт, тухм ва дигар маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшаванда боз ҳам дар сатҳи баланд роҳандозӣ намоянд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷараёни баргузории ҷамъомади методӣ — таълимӣ масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи мамлакат дар самти ақибгоҳӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо марзбонони кишвар оид ба таъминоти хубу босифати хизматчиёни ҳарбӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбиро самаранок истифода бурда, ба кишту парвариши маҳсулот ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ диққату таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамин тавр, дар охир барои нишондодҳои хуби корӣ ва иштироки фаъолона дар ҷамъомади методӣ-таълимӣ як қатор афсарони соҳа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Боқӣ ШАРИФӢ

Previous Post

ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Next Post

ТОҶИКИСТОН ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТОҶИКИСТОН ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ОН

ТОҶИКИСТОН ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook