Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.03.2025
in Мақола
0
РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
0
SHARES
92
VIEWS
Share on Facebook

Иқтисоди рақамӣ ва рушди он имрӯз дар ҷаҳон давраи наверо фаро мегирад, ки ба инкишофи техникаю технология ва интернет алоқаманд мебошад. Яке аз модели нави иқтисодӣ ин иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, барои ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ аҳамияти калон дорад.

Дар шароити кунунӣ гузаштани тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимoию иқтиcoдии ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ ва технoлoгияҳoи муocири иттилooтию кoммуникатcиoнӣ саривақтӣ буда, пешгирикунандаи омилҳои коррупсионӣ мебошад. Давоми чанд соли охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта моро водор месозад, ки бо рушди технологияи рақамӣ ва инноватсия тавонем дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм гузорем.

Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28-уми декабри соли 2024) ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки бояд дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

  1. Такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
  2. То шабакаҳои панҷ–ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
  3. Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
  4. Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
  5. Истифодаи васеъи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
  6. Андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
  7. Ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Бо мақсади расидан ба чунин ҳадафҳои созанда ва ба ин васила рушд бахшидан ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. Ташкили технологияҳои рақамии ватанӣ имкониятҳои нави рушди иқтисодиётро фароҳам оварда, боиси пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мегардад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахасисони самти технологияҳои рақамӣ қайд намуданд, ки “….муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.

Рақамикунонии иқтисодиёт бо автоматикунонии амалиётҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва истеҳсолот алоқамандии зич дошта, тавассути барномасозиҳои компютерӣ ва расонаҳои интернетӣ амалӣ карда шуда, имкон медиҳад, ки арзиши аслии молу маҳсулотҳо паст ва мониторингҳои арзёбии сатҳ ва сифати онҳо гузаронида шаванд. Инчунин, самаранокии онҳо таъмин ва таҳлилу муқоисаҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, хулосаю пешниҳодҳо бароварда шаванд.

Вобаста ба пешрафти инноватсия бояд қайд кард, ки мафҳуми “инноватсия” (аз калимаи англисии “innovation”) навоварии дар амал татбиқгардидаест, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ӯ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон вобаста ба рушди инноватсия ба ҷавонони кишвар такя намуда, қайд намуданд, ки “…ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.

Хулоса, ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ як қадами муҳим барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар буда, рушди он Тоҷикистонро ба як ҷузъи асосии иқтисодии минтақа ва ҷаҳон табдил дода, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва ҷомеа такони ҷиддӣ медиҳад.

 Бобоҷон ҲАМИДОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории

Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Previous Post

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ САЙЁРА

Next Post

ОМОДАГИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОР БА МУДОФИАИ ДАВЛАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОМОДАГИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОР БА МУДОФИАИ ДАВЛАТ

ОМОДАГИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОР БА МУДОФИАИ ДАВЛАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook