Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РУШДИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.09.2024
in Хабар
0
РУШДИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
0
SHARES
94
VIEWS
Share on Facebook

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи мамлакат ҳамоиши тантанавӣ зери унвони “Рушди иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 33 соли Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозон иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба сухан баромада, қайд карданд, ки Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин неъмат ва дастоварди арзишманди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Самараи истиқлолу озодӣ ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буд, ки бақои давлату давлатдории тоҷикон таҳким ёфта, асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян карда шуд ва муносибатҳои ҷамъиятии ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи мудофиа, ки ячейкаи муҳим дар ҳифзи давлату миллат ба ҳисоб меравад, бо эҷоду амалигардонии заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ танзим гардид.

Дар идома Зубайдулло Давлатзода-сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ кафолати рушди бемайлони давлату миллат” маъруза намуд. Зимни маъруза гуфта шуд, ки дар таърихи навин волотарин дастовард дар баробари соҳиб шудан ба Истиқлоли давлативу миллӣ рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, пурзӯр гардидани иқтидори мудофиавӣ мебошад. Ҷавонони далеру сарбаланди тоҷик, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат ба Ватан доранд, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффариятҳои зиёдро касб намудаанд.

Ҳамзамон, дигар баромадкунандагон низ таъкид карданд, ки халқи тоҷик дар таъмини иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ба ҷавонон эътимод дорад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Боқӣ ШАРИФӢ

подполковник

Previous Post

ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Next Post

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-КАФИЛИ СУБОТУ АМНИЯТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-КАФИЛИ СУБОТУ АМНИЯТ

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-КАФИЛИ СУБОТУ АМНИЯТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook