Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКИӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.10.2024
in Хабар
0
РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКИӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
0
SHARES
97
VIEWS
Share on Facebook

Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши муҳиму ҳалкунанда дорад.
Он ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҳимоя мешавад.

Бо мақсади арҷгузории бештар ба забон ва ҳамзамон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рисолати истиқлоли забони миллати фарҳангпарвар ва тамаддунофарин», баргузор гардид.

Конференсияи илмиро, ки бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид, муовини сардори Донишкадаи ҳарбӣ  оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, полковник Раҷабмад Абдураҳмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадафу моҳияти баргузории чорабинии мазкур ибрози назар кард.

Дар кори Конференсия намояндагон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Сарредаксияи илмии Энсиколпедияи миллии тоҷик, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Ҳайати иштирокчиён зимни баромадҳои худ дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат ғамхору ҳомӣ ва ташаббускори рушди забон”, “Забоншиносии тоҷик дар замони бостон”, “Забон ҳастии миллат аст”, “Рушди забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва “Нигоҳе ба таърихи пуршебу фарози лафзи дарӣ” маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми Конференсия ҳайати иштирокчиён аз ҷониби раёсати донишкадаи ҳарбӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд ва чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ анҷом ёфт.

Воқеан дӯст доштани забон ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки дар поку беолоиш нигоҳ доштан ва барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин муқаддасоти миллат ҳиссагузор бошем.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ дар ҳастӣ ва бақои миллати сарбаланду тамаддунсозамон нақши ҳалкунанда доштааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгаро муаррифӣ кардааст. Ҳар фарди соҳибватан бояд бидонад, ки ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.

Шоҳин ШАРИФОВ

Previous Post

ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР, МО НАКУНЕМ, КИ МЕКУНАД?

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ ЗЕРИ УНВОНИ “ДИПЛОМАТИЯИ ВАРЗИШӢ”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ ЗЕРИ УНВОНИ “ДИПЛОМАТИЯИ ВАРЗИШӢ”

СУХАНРОНӢ ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ ЗЕРИ УНВОНИ “ДИПЛОМАТИЯИ ВАРЗИШӢ”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook