Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РОҲУ УСУЛҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.07.2023
in Хабар
0
РОҲУ УСУЛҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ
0
SHARES
167
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади методӣ-таълимии афсарон оид ба таъминоти соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи марказ, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ, давоми ду рӯз ба таври назариявӣ ва ҳам амалан дар машқгоҳи  Фахрободи гарнизони Хатлон ташкилу ба роҳ монда шуд.

Зимни машғулиятҳои назариявӣ, ки дар синфхонаҳои таълимии ин машқгоҳи саҳроӣ ташкилу гузаронида шуд, афсарони ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи ақибгоҳӣ мавзуву масъалаҳоро дар самти коркарду самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасони назди қисмҳои ҳарбӣ, тартиби дурусти нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, саривақт ташкил намудани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосилро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар назди заминҳои хоҷагии ёрирасони қисму воҳидҳои ҳарбӣ ташкили нуқтаҳои парвариш ва нигоҳубини чорво ва мурғхонаҳо яке аз талаботи асосӣ дар рафти ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ буд, ки афсарони соҳа дар Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳолати ташкил ва истифодабарии босамари чунин нуқтаҳои таъминотӣ дидан намуданд.

Масъулини роҳбарикунандаи самти ақибгоҳии Вазорати мудофиа бо назардошти сатҳи баланду босифати таъминоти ақибгоҳии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки доимо мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарияти Олии мамлакат қарор дорад, зимни намоиши навъҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста ба тарзи дурурсти нигоҳдорӣ, саривақт ва самаранок исифодабарии он дар қисму воҳидҳои низомӣ ба афсарони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкулу гузаронидани машғулиятҳои методӣ-таълимии ба ҷамъомад пешбинигардида, дар машқгоҳи мазкур техникаву таҷҳизоти лозима барои пешбурди хизмати ақибгоҳӣ дар шароити саҳро фароҳам оварда шуда, масъулин рафти машғулиятҳои амалии афсарони соҳаро дар хаймаҳои саҳроӣ, ки дар онҳо ҷузъу томи таъминоти моддӣ-техникӣ ва дар нуқтаҳои алоҳида навъҳои ҳозиразамони ошхонаҳои саҳроӣ ҷойгир карда шудааст, роҳандозӣ намуданд.

  Маврид ба зикри хос аст, ки афсарони оид ба таъминоти ақибгоҳии ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар таҳияи нақшаҳои омодагии ҷангӣ, тайёрӣ ва сафарбарӣ иштирок намуда, иҷрои онро аз рӯйи таъиноти хизматии хеш ба роҳ мемонанд. Зеро, дар вазъияти ҷангӣ ва ҳангоми ҳар гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ онҳо вазифаи таъминоти моддиву техникии ҳайати шахсӣ ва пеш аз ҳама ба ҷойи таъиншуда интиқоли ҳама гуна молу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро бар ӯҳда доранд.

Аз ин рӯ, зимни ҷалб гардидан ба чунин ҷамъомадҳои таълимӣ афсарони соҳибтаҷрибаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиа ба масъулини соҳа бо дарназардошти пешрафти замон ва навовариҳои илмиву техникӣ усулҳои муассири таълимиву таҷрибавиро кор мегиранд, то ки афсарони самти ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ҳама ҳолат барои иҷрои бомуваффақонаи ӯҳдадориҳои масъулиятнок доимо омода бошанд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ аз ҷамъомади методӣ-таълимӣ масъулини самти ақибгоҳии Вазорати мудофиаи мамлакат дар назди иштирокчиён, оид ба ҳолати нигоҳдороии молу амволи шайъӣ, хӯрока ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар шароити гуногуни хизматӣ баромад карда, шахсони масъули соҳаро дар самти таъминоти ҳамаҷонибаи ақибгоҳии ҷузъу том бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.

 

Боқӣ Шарифов

Previous Post

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ АСОСИ ПЕШРАВӢ

Next Post

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook