Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РОҲУ УСУЛҲОИ МУОСИРИ НИЗОМӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
05.07.2022
in Хабар
0
РОҲУ УСУЛҲОИ МУОСИРИ НИЗОМӢ ДАР  ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ
0
SHARES
239
VIEWS
Share on Facebook

Аз аввали моҳи июли соли 2022 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми омӯзишӣ оғоз ёфт. Ба ин муносибат рӯзҳои 3-юм ва 4-уми июли соли равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ баргузор гардиданд.

Ҷамъомади методӣ-таълимӣ давоми 2 рӯз дар гарнизонҳои Душанбеву Хатлон ва дар пойгоҳи қисмҳои низомии тобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Машғулиятҳо таҳти назорати роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, ба он муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, командирони қисмҳои низомӣ ва муовинони онҳо оид ба тайёрии ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳамин тариқ, иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ вобаста ба мақому сатҳи вазифавӣ дар Артиши миллӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба омӯзиши машғулиятҳои гуногуни ҳарбӣ, аз қабили тайёрии амалиётӣ,, сафарбарӣ, тайёрии ҷамъияти давлатӣ, хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, рондану тирпарронӣ намудан аз тӯп ва техникаҳои мухталифи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, силоҳу муҳиммоти оташфишони сабуки ҳарбӣ ва ба санҷиши омодагии ҷисмонӣ ҷалб карда шуданд.

Рӯзи дуюми машғулиятҳои намунавии методӣ-таълимӣ дар Маркази таълимии Фахрободи вилояти Хатлон ҷараён гирифт, ки  иштирокчиёни он дар баробари омӯзиши дарсҳои мухталифи низомӣ, ҳамзамон аз бинову иншооти муҷаҳҳаз, аз қабили нуқтаҳои таълимӣ, ошхонаву ҳаммомхонаи сарбозӣ, мавзеъҳои ёрирасони коммуналӣ ва аз дигар шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимии он дидан ба амал оварданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ ин дар амал нишон  додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Яъне ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи ойинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Қобили зикр аст, ки шароитҳои намунавии омӯзишӣ, на танҳо барои гузаронидани машғулиятҳои методӣ-таълимӣ ва нишон додан ба иштирокчиёни он аст, балки ин гуна шароитҳо пеш аз ҳама барои омӯзиши доимии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ ба таври муосир бунёд карда шуда, он дар дигар ҷузъу томи ин ниҳоди қудратӣ ба тадриҷ муҳайё карда мешаванд. Аз ин рӯ зимни баргузории чунин ҷамъомадҳо ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёде барои иштирокчиёни он ворид мегардад.

Ба ҳамин тартиб дар давоми чанд соли охир ҳатто дар қисмҳои низомии навтаъсиси Вазорати мудофиа, заминаҳои намунавии моддиву таълимӣ, хидматӣ ва ҳам шароитҳои маишиву фароғатии афсарону сарбозон дар сатҳи баланд муҳайё карда шудаанд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ

Next Post

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook