Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РОҲУ УСУЛҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАШҒУЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
12.07.2024
in Хабар
0
РОҲУ УСУЛҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАШҒУЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ
0
SHARES
130
VIEWS
Share on Facebook

Тақвият бахшидани донишу малакаи касбии низомиён, такмили маҳорати соҳавӣ ва сайқал додани таҷрибаи пешқадам дар самти пешбурди хизмати шабонарӯзии ҳайати шахсӣ ин ҷорӣ намудани роҳу усулҳои наву муосири омӯзишӣ дар фаъолияти рӯзмарраи ҷузъу том маҳсуб меёбад. Аз ин хотир ҳамасола зимни оғози давраҳои якум ва дуюми омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ ҷамъомаду машғулиятҳои мухталифи назариявӣ ва ҳам амалии саҳроӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Аз ҷумла дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат ҷамъомади дуруза ва ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимии ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ доир карда шуд.

Рӯзи аввали машғулиятҳои методӣ-таълимии ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Ситоди генералӣ, бо сафороиву азназаргузаронии ҳайати ширкаткунандагони он оғоз гардида, зимнан аз ҷониби масъулини ин чорабинии муҳими низомӣ ба саҳми иштирокчиён нақшаи баргузории ҷамъомад расонида шуд. Илова бар ин, дар толори қисми низомии мазкур ба иштирокчиёни ҷамъомад вазъияти ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба шакли филми мустанад пешниҳод гардид.

Рӯзи дуюми машғулиятҳои методӣ-таълимӣ дар машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон ташкилу ба роҳ монда шуд. Масъулини машғулиятҳо доир ба ҳадафу моҳият ва ташкилу баргузор намудани ҷамъомади мазкур суханронӣ карда, баҳри амалан роҳандозӣ намудани ин чорабинии муҳими низомӣ, ҳайати иштирокчиёни ҷамъомадро ба гурӯҳҳо тақсим намуданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷамъомади методӣ-таълимӣ барои ширкаткунандагони он нуқтаҳои гуногуни муҷаҳҳази дарсӣ, мавзеъҳои хуби хизмативу майишӣ ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ муҳайё гардида буд, ки бунёди чунин заминаи моддиву техникӣ барои ташкил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондану идора кардани ҷузъу том, сафарбарии қӯшунҳо, иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои хизматӣ, ба нақша гирифтани тайёрии ҷангӣ, риояи ҳама талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ мусоидат мекунад.

Ба ҳар як дарсу ҷамъомад роҳбарони масъул вобаста гардида, таълимоти назариявии онҳо дар синфхонаҳои таълимӣ ва бо омӯзиши фанҳои гуногуни муосири ҳарбӣ, аз қабили  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд”, “Таҳлили сабабҳо, шакл ва натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ”, фаъолияти хадамоти қӯшун ва бехатарӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва дигар мавзӯоте, ки ба нақшаи машғулиятҳо марбут мебошанд, роҳандозӣ карда шуд.

Дар чунин ҷамъомадҳои таълимӣ вобаста ба мавзӯъҳои муҳими соҳавӣ ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёде ворид карда мешавад. Зеро, авзои пуртазоди ҷомеаи муосир, низомиёни ҳама зинаҳо ва мартабаҳоро ба он водор менамояд, ки донишу малака, маҳорати касбӣ ва таҷрибаи соҳавиро ғанӣ гардонида, ҳар яке аз онҳо барои истодагарӣ намудан бар зидди ҳама гуна хатарҳои воқеӣ омода бошанд.

Дар ҷараёни баргузории машғулиятҳои методӣ-таълимӣ маҳорату малакаи иштирокчиёни ин чорабинии низомӣ аз тайёрии ҷисмонӣ, тирпарронӣ аз туфангу автомат ва дигар силоҳу муҳиммоти ҷангӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Бо ҳамин тартиб рӯзи дуюми машғулиятҳои методӣ-таълимӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

Муовини вазири мудофиа, вобаста ба масоили пешбурди тамоми самту соҳаҳои Вазорати мудофиа, фаъолияти хизматии фармондеҳон ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни қисмҳои низомии Артиши миллӣ суханронӣ намуда, бо таҳлили ҳамаҷониба ҳолати омодабошии ҷангӣ, сатҳи ташкилу баргузории машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ, иҷрои саривақтии ҳама вазифаву уҳдадорӣ, муҳайё намудану тақвият бахшидани пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳӣ, самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ ва дигар паҳлӯҳои пешбурди хизматро дар ҷузъу том мавриди баррасӣ қарор доданд ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизмативу майишӣ ва баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдоша иштирокчиёни ҷамъомадро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.

            Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

Previous Post

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Next Post

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook