Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РИШВАСИТОНӢ ВА ПАЙОМАДҲОИ ХАТАРБОРИ ОН БА ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.12.2023
in Хабар
0
РИШВАСИТОНӢ  ВА  ПАЙОМАДҲОИ  ХАТАРБОРИ  ОН  БА ҶОМЕА
0
SHARES
155
VIEWS
Share on Facebook

Фасод ва ришваситонӣ  яке аз масъалаҳои мушкили ҷомеа буда, монеи рушди давлатҳо мегардад.  Бо назардошти умқи решаҳои иҷтимоӣ, таъсири он ба ҷомеа ва дурнамои рушди кишвар фасодро метавон ба мисли дигар таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм,  ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ғайра ба шумули таҳдид ва хатарҳои муосир ворид намуд.

Фасод ва ришваситонӣ  яке  монеаҳои ҷиддӣ  дар роҳи  рушди кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор меравад.  Зеро манфиати шахсӣ  ва ришваситонӣ  метавонад ба амнияти миллӣ ва рушди устувори иҷтимоию  иқтисодӣ  халал ворид намуда, бовариро ба сохторҳои қудратӣ,  хизматчии  давлатӣ  ва зиёиёну омӯзгорон коҳиш дода, бунёди ҷомеаи демократиро  заиф созад, ки заминаи поён рафтани ҳуқуқҳои фитрии инсон мегардад.

Бо дарки хатари ин зуҳуроти  номатлуб  Президнти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш бо фасод муборизаи бе амон эълон намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳои қудратӣ ҷомеаи шаҳрвандиро ба муқобилият алайҳи ин масъала ҷалб намуданд.  Чунончи,  Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд: “Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир  ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми  мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза  бар  зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ   карда   шавад.”

Барои ташаккули заминаи ҳуқуқии мубориза бо ин вабои аср ба ғайр аз қисматҳои Кодекси ҷиноятӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ ,  аз қабили “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” аз 26-уми январи соли 2008, №34; “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020” аз 30-юми августи соли 2013 ,  №1504 ва  “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз  3-юми августи соли 2021,  №222  қабул  карда  шуданд.

Фасод ва ришваситонӣ яке аз таҳдидҳои сатҳи ҷаҳонӣ буда,  ба дастёбӣ  ба  ҳадафҳои рушди устувор,  истиқрори  сулҳ  ва  ҳамкории мутақобила дар саҳнаи байналмилалӣ  монеа  мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бо он аз ҷониби тамоми ниҳод ва созмонҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид  ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми  октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  оид ба мубориза бар коррупсия қабул карда шуда,  9-уми декабри соли 2003  дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.  Ҳамин тариқ,  9-уми декабр  ҳамчун  “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия”  пазируфта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006  имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии  кишвар  16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.  Аз замони тасвиби  “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  зидди коррупсия” 25-уми сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу  ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро  муқарар  менамояд.

Аз ҷониби дигар, мубориза бо ришваситонӣ танҳо кори мақомоти дахлдор набуда, ширкати тамоми   ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини бонангу ори кишварро  тақозо менамояд.

Амриддин ШАРИПОВ,

устоди ДМТ

Previous Post

ҶАЛБИ НАВБАТИИ МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДА БА ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ ХУДШИНОСИВУ МЕҲАНПАРАСТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ  ХУДШИНОСИВУ  МЕҲАНПАРАСТӢ

ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ - МАКТАБИ ХУДШИНОСИВУ МЕҲАНПАРАСТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook