Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

РИСОЛАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.09.2024
in Мақола
0
РИСОЛАТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТӢ
0
SHARES
93
VIEWS
Share on Facebook

Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазорати мудофиаи мамлакат дар баробари дигар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералӣ Раёсати тиббӣ-ҳарбӣ ташкил карда шуд. Ба тадриҷ дар тобеияти ин ниҳоди қудратӣ, аз ҷумла қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ, ҷузъу томи навъи қӯшунҳо ва дигар сохторҳои зертобеи он низ госпиталҳои ҳарбӣ, дармонгоҳи низомӣ ва нуқтаҳои тиббӣ бунёд карда шуданд.

Аз ҷумла, соли  1993 дар ҳудуди гарнизони Душанбе аввалин шифохонаи ҳарбӣ ё худ Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиа таъсис дода шуд, ки он аз шуъбаҳои статсионарӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Илова бар ин, соли 1995 дар ҳудуди гарнизони Суғд ва соли 2014 бошад дар вилояти Хатлон низ Госпиталҳои ҳарбӣ бунёд карда шуданд.

Дар давоми ин солҳо табибони низомӣ бо азму иродаи қавӣ дар самти муолиҷаву офиятбахшии беморон ва саривақт расонидани ёрии аввалия ба ҳоҷатмандон аз худ саҳми арзанда гузошта, ба дарди ҳазорҳо нафар одамон дармон бахшидаанд.

Масъулияти табибони низомиро дар замони осоишта ва ҳам ҳолати ҷанг низ баланд арзёбӣ кардан мумкин аст. Чунки онҳо дар ҳама гуна вазъияти бӯҳронӣ метавонанд, бо маҳорату малакаи касбӣ ва омодагии баланди соҳавӣ дар самти расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ ба захмиён, ташкили амалиёти ҷарроҳӣ дар дашту саҳро ва бо истифода аз дигар роҳу усулҳои хос ба ҳоҷатмандон ҳайати дубораро эҳдо намоянд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо назардошти беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар тайи солҳои охир дар муассисаҳои табобатии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, бахусус дар госпиталҳои ҳарбӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису муоинавӣ боз ҳам хубтару беҳтар гардида, табибони низомӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз ин касби пуршарафи хеш, ки ворисони арзандаи Синои бузург маҳсуб меёбанд, пайваста пайи табобату муолиҷаи дардмандонанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар асрҳои 20 ва 21 ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешрафту тараққиёти илми тиб ва инкишофи техникаву технологияи навини ташхису муоинавӣ, ба комёбиву муваффақиятҳои назарраси соҳавӣ ноил гардид. Вале, дар баробари тараққиёти ин соҳа, пизишкони замони муосир тайи солҳои охир ҳанӯз ҳам пайваста бо авҷи бемориҳои наве дучор мешаванд, ки барои кашф кардану табобат намудани маризиҳои хавфноку сирояткунанда, онҳо ба монеаву мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд ва дар баъзе ҳолат зимни муоинаву ташхис ва муолиҷаи ашхоси гирифтори бемориҳои вазнини сироятӣ, онҳо бо вуҷуди эҳтиёткорона амал намудан, ҷони худро низ дар хатар мегузоранд.

Зеро дар чунин ҳолатҳо, аз эҳтимол дур нест, ки бемории сироятӣ, пеш аз ҳама ба ҷисму ҷони худи табиб асар намояд.

Бо пайдоиш ва паҳн гардидани ҳар гуна бемориҳои мухталифи сироятӣ дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, табибони низомӣ дар баробари дигар ҳамкасбони худ тамоми кӯшишу талошҳои хешро доимо ба он равона менамоянд, ки ҳадалимкон хизматчиёни ҳарбиро аз мубталои ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доранд.

Дар воқеъ пизишкони ҳама самту соҳаҳо ба хусус табибони низомӣ дар фаъолияти кории хеш масъулияти ниҳоят вазнинро бар дӯш доранд, зеро онҳо бо ҷисму ҷони одамон даст ба коранд ва барои офиятбахшии ҳар як шахси бемор онҳо низ рӯҳану ҷисман азият мекашанд. Чунин табибон аслан онҳое мебошанд, ки касби худро дӯст медоранду аз рӯйи виҷдону масъулият рисолати хешро барои расонидани кӯмаки беғаразонаи тиббӣ ба ҳоҷатмандон дареғ намедоранд ва дар роҳи наҷоти ҳаёти инсоният саҳмгузоранд.

Мусаллам аст, ки ҳар шахс албатта дар симои чунин табибони соҳибкасбу офиятбахш, ҳамрози мушфиқу меҳрубон, ҳамдилу ғамхори дардмандон, муҳофизони Ватан ва ҳимоятгарони рӯҳу танро дида, бо қаноатмандӣ аз онҳо сипосгузорӣ менамоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

полковник

Previous Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

САЙРУ САЁҲАТИ САРБОЗОНИ ЯТИМИ КУЛЛ ДАР МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИВУ ИСТИРОҲАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САЙРУ САЁҲАТИ САРБОЗОНИ ЯТИМИ КУЛЛ ДАР МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИВУ ИСТИРОҲАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

САЙРУ САЁҲАТИ САРБОЗОНИ ЯТИМИ КУЛЛ ДАР МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИВУ ИСТИРОҲАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook