Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

РИСОЛАТИ МУҲИМИ СИТОД ДАР ЗАМОНИ ҶАНГ ВА ОСОИШТА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.01.2024
in Хабар
0
РИСОЛАТИ МУҲИМИ СИТОД ДАР ЗАМОНИ ҶАНГ ВА ОСОИШТА
0
SHARES
145
VIEWS
Share on Facebook

Афсарони масъули самту соҳаҳои мухталифи Вазорати мудофиа, навъҳои қўшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, қисмҳои ҳарбии тобеи онҳо ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ дар ҷараёни машғулиятҳои ҳар як даври омӯзишӣ дар Артиши миллӣ, ба ҷамъомадҳои методӣ — таълимӣ, амалиётӣ — сафарбарӣ ва дигар чорабиниҳои нақшавӣ ҷалб карда мешаванд.

Бо ин мақсад дар асоси Нақшаи тайёрии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи қисми ҳарбии 16772-и Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сардорони ситоду муовинони онҳо, афсарон оид ба сафарбарии ҷузъу том, намояндагони хадамоти қўшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ аз тамоми қисму воҳидҳои низомӣ, ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ доир гардид.

Масъулияти ташкил ва баргузории ҷамъомадро афсарони Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бар ўҳда доштанд, ки дар баробари баррасии самтҳои муассири фаъолияти корӣ бо дарназардошти пешрафту тараққиёти ҷомеаи муосир, фановариҳои ҷадиди илми ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, инчунин вазъи ҳарбӣ — сиёсии минтақа ва ҷаҳонро низ мавриди таҳлилу омўзиши ҳамаҷониба қарор доданд.

Қобили қайд аст, ки сардорони ситод дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг вазифаҳои муҳим ва ҳам масъулиятноки низомиро бар ўҳда доранд. Аз ин ҷост, ки донишу малакаи касбии худро пайваста дар самти ташкил ва дар сатҳи зарурӣ идора кардани ҷузъу том, омодагии ҷангиву сафарбарии қўшунҳо, ташкили хизмати қаровуливу тартиботи дохилӣ, риояи интизоми ҳарбӣ ва ахлоқию рўҳияи ҳайати шахсӣ ва иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои дар наздашон буда, такмилу тақвият мебахшанд. Аз ин лиҳоз дар ҷамъомади навбатӣ низ мавзўи машғулиятҳои афсарони масъули ситод, асосан тартиби самтгирӣ дар маҳал ё худ самтгирии маҳалнигорӣ, ташкили хизмати қаровулӣ ва тайёрии қаравулҳо, тартиби гузаронидани омўзиши шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ва дигар мавзӯву масъалаҳоро дар бар мегирифт.

Дар доираи нақшаи баргузории ҷамъомади амалиётӣ — сафарбарӣ дар пойгоҳи таълимии ин қисми ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби ҳайати шухсии гурӯҳи чорабиниҳои махсус машқҳои ҳимояи худ аз задухӯрдҳои тан ба тан бо усулҳои шарқӣ ва ҳамзамон, машқҳои тактикӣ вобаста ба дастгиру безараргардонии душманони шартӣ намоиш дода шуд, ки албатта он аз омодагии сатҳи баланд ва қобилияти чангии ин гурӯҳи муҳофизони Ватан дарак медиҳад.

Ҳангоми натиҷагирӣ аз машғулиятҳои таълимӣ, ки он бо иштироки сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид, зикр карда шуд, ки мо бояд бо таҳлил ва хулосабарорӣ аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир дар фаъолияти хизматии худ масъулияти баланди корӣ нишон дода, дар маҳалли хизмат назорати дурусти ҷобаҷогузориву нигоҳдории силоҳу техникаҳои ҳарбиро мувофиқи талаботи мавҷуда ба роҳ монем, ҳолати корӣ ва омодабошии доимии онҳоро назорат намуда, дар ин замина, вазифаи асосии худ, яъне хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми кишварро дар мадди аввал ва ҳадафи асосии худ қарор диҳем.

Боқӣ ШАРИФОВ

майор

Previous Post

СОЛИ СИПАРӢ-СОЛИ ПУР АЗ НАВГОНӢ

Next Post

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook