Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

РАДИКАЛИЗМ-НАХУСТЗИНАИ ИНКИШОФИ ЭКСТРЕМИЗМ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.05.2024
in Мақола
0
РАДИКАЛИЗМ-НАХУСТЗИНАИ ИНКИШОФИ ЭКСТРЕМИЗМ
0
SHARES
92
VIEWS
Share on Facebook

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти давлат диққати аввалиндараҷа диҳем.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмӯи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зӯрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанӯз дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва канорагирӣ карданро дорад.
Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рӯ, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва сайъ мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад. Ин мақсадҳо бо роҳи расонидани иттилоот, ташкили бесарусомониҳо, тақвият додани бӯҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳоди ақидаҳои навоварона амалӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, радикализм падидаи иҷтимоӣ ва сиёсие ба шумор меравад, ки вазифаи он дигаргуниҳои қатъӣ ворид кардан мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки вазъашон ором аст, ҳукумат метавонад қувваҳои гуногуни иҷтимоиро ба низом дароварад.

Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба истилоҳ «давраи гузариш»-ро аз сар мегузаронанд, зуҳуроти радикализм меафзояд. Ба ақидаи ҷомеашиносон, радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад.
Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад.

Ифротгароӣ ё экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгароии динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғ.) мавҷуд аст. Қайд намудан ба маврид аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.

Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат афкандан аст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади паст намудани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароиро Сарвари давлат яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа арзёбӣ намуданд.

 Абдуллоҳи ҚОДИРӢ

 

Previous Post

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛӢ ДОРАНД

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook