Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПӮШАЙМОНӢ НАДОРАД ОҚИБАТ СУД…

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.04.2022
in Хабар
0
ПӮШАЙМОНӢ НАДОРАД ОҚИБАТ СУД…
0
SHARES
260
VIEWS
Share on Facebook

ЧАРО ФАЙЗУЛЛО ШОМИЛИ ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР ГАРДИДА, РАВОНАИ ЗИНДОН ШУД?  

Волидайни Файзулло дар яке аз деҳаҳои дурдасти минтақаи Шимоли кишвар умр ба сар бурда,  ба деҳқонию зироаткорӣ  машғул буданд. Бинобар сабаби серкорӣ ва банд будан ба корҳои хоҷагидорӣ, нисбат ба тарбияи дурусти фарзанди ягонаи хеш чандон аҳамият намедоданд. Онҳо тарбияро танҳо дар таъминоти молӣ дида, пайваста ба Файзулло маблағҳои калонро дода, либосҳои гуногуни қиматбаҳоро  харидорӣ менамуданд. Дар баробари ин, фахр ҳам мекарданд, ки писари ягонаи онҳо дар назди ҳамсинфону рафиқонаш фарқкунанда аст.

Омӯзгорон бошанд, пайваста ба волидайни Файзулло таъкид менамуданд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандашон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намоянд. Вале, дар посух падару модари Файзулло бо тамасхур мегуфтанд, ки “писари мо дар зиндагӣ чӣ кор карданашро медонад. Муҳим  нест, ки соҳибмаълумот гардад, балки ба Русия рафта, соҳиби молу чиз гардида, дар пойтахти кишвар хона мехарад”.

Бо ҳамин гуна андешаи ботил Файзулло ба омӯзиши фанҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, мактаби миёнаро ба итмом расонид. Бо вуҷуди оне, ки ба Русия рафтанашро медонист, ҳатто фанни забони русиро аз бар накард. Гумон дошт, ки дар Русия бе заҳмат маблағ ҷамъ карда, ба волидайнаш мефиристад. Азбаски аксари ҳамшаҳриҳои ӯ дар сохтмонҳои Русия фаъолият менамуданд, барои Файзулло чунин корҳо писанд набуд, зеро заҳматро талаб менамуд, номбурда ҷисман азият кашидан намехост.

Ӯ аз пайи ҷустуҷӯйи коре гардид,ки бе заҳмат соҳиби маблағ шавад. Бо гурӯҳи ҷавононе шинос гашт, ки аъзои “Ҳизб-ут- таҳрир” буданд ва барои таблиғи ин ҳизби террористию экстремистӣ ташфиқот мебурданд. Файзулло,ки умуман дониши динӣ надошт, тамоми ақидаи ифротгароиро қабул менамуд. Гумон дошт, ки исломи ҳақиқиро омӯхта истодааст, вале ҳайҳот, ки моҳияти онро умуман дарк намекард.

Ба ӯ маблағ дода, дилгарм менамуданд. Шодию нишоташ ҳаду канор надошт. Ҳатто чандин нафар аз ҳамдеҳагонашро барои аъзо шудан ба ин ҳизби террористӣ даъват намуд. Вале ҷавоби рад мегирифт.

Рӯзе аз ҷониби  аъзоёни гурӯҳ пешниҳод гардид,ки тибқи нақша, бояд яке аз маконҳои серодамро  тарконанд. Албатта, масъулият  бар дӯши Файзулло гузошта шуд. Ӯ дар аввал рад намуд, вале ӯро бо ана ҳамон маблағҳои додаашон муттаҳам намуда, таблиғ менамуданд, ки пас аз тарконидани мавзеи серодамтарин “шаҳид” мегардад.

Дар охир Файзулло ҳам розӣ шуд, ки амалиёти террористиро бар дӯш гирифта, “шаҳид” мегардад. Ҳамчунин, аъзоёни гурӯҳ ба ӯ гуфтанд,ки дар сурати аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардиданаш бо ҳар миқдор маблағе набошад, ӯро озод менамоянд, вале онҳоро ҳеҷ гоҳ нафурӯшад.

Ӯ бо зудбоварии хеш дар яке аз бузургтарин марказҳои савдо амалиёти таркишро анҷом додан хост, вале аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардида, ба муддати тӯлонӣ сол равонаи зиндон гардид. Гумон дошт, ки аъзоёни гурӯҳ ӯро аз зиндон раҳо менамоянд, вале…

Файзулло дар кунҷи зиндон аз амали кардаи хеш пӯшаймон гардида, афсус хӯрда изҳори пӯшаймонӣ мекард, вале дигар фоида надошт. Волидайнаш бошад, худро маломат намуда, дар тарбияи нодурусти фарзанд ҳамдигарро гунаҳгор медонистанд. Дар байни мардуми деҳа дигар сар бароварда наметавонистанд. Мардум ба онҳо нафрат мехонаданд. Ҳамсинфони Файзулло ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби вазифаву хонаю дар, оилаи обод ва молу чиз гардиданд, вале ӯ бо  як иштибоҳи нобахшиданӣ дар кунҷи зиндон ҷавониашро паси сар намуд. Ин амали Файзуллоро мардуми деҳа чунин баҳо медоданд: “ Худкардаро даво нест…”.

Азимҷон БАДАЛОВ,

капитан

Previous Post

ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

Next Post

ДАР ФУРӮҒИ ВОЖАИ ВАТАН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАР ФУРӮҒИ ВОЖАИ ВАТАН

ДАР ФУРӮҒИ ВОЖАИ ВАТАН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook