Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ПРЕЗИДЕНТ-МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР ВА КАФИЛИ ШУҶОАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.11.2025
in Мақола
0
ПРЕЗИДЕНТ-МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР ВА КАФИЛИ ШУҶОАТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
147
VIEWS
Share on Facebook

Дар таърихи давлатҳои ҷаҳон кам иттифоқ меафтад, ки як шахсият тавонад, дар замони бисёр мушкил пояҳои давлатдориро аз нав бунёд кунад. Барои миллати тоҷик чунин шахсият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои маҳбуби миллат мебошанд-инсоне, ки дар замони фоҷиаи миллӣ ва парокандагии иҷтимоӣ бо иродаи қавӣ, андешаи созанда ва ҷасорати сиёсӣ тавонистанд, роҳи наҷоти давлатро нишон диҳанд.

16-ноябри соли 1992, дар шароите ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, нобоварӣ ва хавфи парокандагии миллӣ қарор дошт, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин иҷлосия воқеан тақдирсоз ном гирифт, зеро сарнавишти давлат ва миллати тоҷик маҳз дар он ҷо ҳал шуд.

Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ-сарвари давлат интихоб гардиданд. Он лаҳза ибтидои нав дар саҳифаи таърихи давлатдории тоҷикон буд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанӯз ҷавон буданд, вале бо масъулияти бузург дар байни вакилон бо ҷасорат гуфтанд:

«Ман қасам мехӯрам, ки тамоми ҳастии худро барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, барои эҳёи давлати тоҷикон мебахшам».

Ин суханони таърихӣ ба шиори миллӣ табдил ёфтанд. Аз ҳамон рӯз Тоҷикистон ба сӯйи сулҳу субот ва ваҳдат қадам гузошт.

Яке аз аввалин иқдомҳои Пешвои миллат пас аз Иҷлосияи тақдирсоз таъсиси Артиши миллӣ буд. Соли 1993 Артиши миллӣ бо шароити ниҳоят душвор таъсис ёфт, вале ҳамин қувваи ҷавон ба кафолати амнияти давлат табдил ёфт.

Аз замони таъсис то имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пурифтихореро тай кардааст. Он на танҳо мактаби садоқат ва шуҷоат, балки омили муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ ва суботи давлат мебошад.

Имрӯз неруҳои мусаллаҳи кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, омодагии низомӣ ва сатҳи касбии онҳо меафзояд. Ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳампаймон, машқҳои муштараки ҳарбӣ ва тарбияи кадрҳои миллӣ далели равшани сиёсати дурандешонаи давлатӣ дар соҳаи мудофиа мебошанд.

15-апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана ёдгори ҳамон лаҳзаҳои таърихист, ки дар Иҷлосияи XVI сарнавишти давлат ҳал шуд.

Рӯзи Президент рамзи арҷгузорӣ ба раҳбарии хирадмандона, заҳматҳои содиқона ва ҷасорати сиёсии шахсиятест, ки Тоҷикистонро аз нобудӣ раҳо кард. Ин рӯз ҷашни эҳтиром ба арзишҳои истиқлол, ваҳдат, давлатдории миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар саросари кишвар ин сана бо ифтихор ҷашн гирифта мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои давлатӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафашон таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба Пешвои миллат аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли зиёда аз се даҳсола тавонистанд, Тоҷикистонро ба давлати суботманд, рӯ ба рушд ва эҳтиромдошта дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳанд.

Сиёсати дохилии Пешвои муаззами миллат бар пояи ваҳдат, худшиносӣ ва рушди устувор асос ёфтааст. Дар арсаи хориҷӣ бошад, Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои боз» ва муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоягон мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар мустаҳкам намуд.

Дар сиёсати иҷтимоиву фарҳангӣ Пешвои миллат ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд. Имрӯз садҳо ҷавони тоҷик бо донишу малакаи замонавӣ дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Онҳо меросбарони давлати мустақил ва муҳофизони арзишҳои миллӣ мебошанд.

Имрӯз миллати тоҷик бо ифтихору эҳтиром ба роҳбари худ пайравӣ мекунад. Ҳар як дастоварди бузурги миллӣ натиҷаи заҳмат, кордонӣ ва стратегияи созандаи Пешвои миллат аст.

 

Артиши миллӣ, ки имрӯз бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ хизмат мекунад, худ натиҷаи амалӣ шудани ҳамин сиёсати хирадмандона мебошад. Ҳар як сарбоз ва афсари тоҷик бо ифтихор мегӯянд:

«Мо фарзандони Ватани озод ва идомадиҳандагони корномаи Пешвои миллатем».

Рӯзи Президент-ин ҷашни эҳтиром ба давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии миллӣ аст. Он моро водор месозад, ки Тоҷикистони имрӯзӣ маҳсули заҳматҳои Пешвои миллат ва ягонагии мардум мебошад.

Дар шароити ҷаҳони пуртаҳаввул, ки таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти иқтисодӣ зиёданд, нақши роҳбарии устувор ва сиёсати оқилона беш аз пеш арзишманд мегардад.

Вақте ки Парчами Тоҷикистон дар паҳлуи парчамҳои давлатҳои соҳибэътибори ҷаҳон парафшон аст, ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо ифтихор бигӯяд:

Мо миллати хушбахтем, зеро Президенти маҳбуби мо бо хирад роҳбарӣ мекунад ва бо меҳр ба Тоҷикистони азиз хизмат менамояд.

 

Эмомалӣ СОБИРЗОДА,

вазири мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковник

 

 

Previous Post

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

Next Post

БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

05.12.2025
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook