Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ намудҳои гуногуни варзиши техникӣ, аз ҷумла варзиши пойгаи мотосиклронӣ рушду равнақи бештар ёфта истодааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон мебошад, ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар расми оғози мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Саидасрор Абдуллозода изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди бемайлони соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ дода, нисбати варзишгарони ҷавон ва боз ҳам ривоҷу равнақи тоза ёфтани варзиш дар саросари ҷумҳурӣ ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии азизамон баробари дигар соҳаҳо ба рушду инкишофи намудҳои гуногуни соҳаи варзиш, аз ҷумла навъҳои ҳарбӣ – техникии варзиш низ имкониятҳои мусоид фароҳам овард.
Дар мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ дастаҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд. Варзишгарони Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон бошанд, дар ин чорабинӣ аз рӯи ҳисоби шахсӣ ширкат варзиданд.

Аксарияти варзишгаронро дар ин чорабинӣ ҷавонон ташкил медоданд. Нахуст даври санҷишӣ сурат гирифт. Сипас сабқат барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон, 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифт.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол теъдоди дастаҳои дар мусобиқаи пойгаи мототсиклронӣ ширкаткунанда афзоиш меёбад. Инчунин сафи мухлисону дӯстдорони ин намуди ҷолиби варзиши техникӣ миёни аҳли ҷомеа торафт зиёд шуда истодааст.

Ҷиҳати рушди намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш дар Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконияти пурра мавҷуд аст.
Мотосиклронӣ ҳамчун навъи ҳарбӣ – техникии варзиш аз варзишгар малакаи баланди рондан, суръатнокӣ ва чолокӣ дар идоракунии онро тақозо дорад. Моҳияти асосии ин навъи варзиш бедор намудани шавқу завқи наврасону ҷавонон нисбати техника ва барои рондани воситаҳои техникии калонҷаҳм омода намудани онҳо ба шумор меравад.

Дар мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ мотосиклронҳои варзида ва ботаҷриба маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо чолокиву малакаи идора кардани воситаи нақлиёти варзишӣ тавонистанд миёни мухлисон маҳбубият пайдо намоянд.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ дастаи шаҳри Душанбе мақоми аввал, дастаи шаҳри Турсунзода мақоми дуюм ва варзишгарони мотосиклрони шаҳри Бохтар мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Fолибон аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.





