Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПЛЕНУМ ВА АНҶУМАНИ СОЗМОНҲОИ МУДОФИАВИИ ИДМ ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.10.2025
in Хабар
0
ПЛЕНУМ ВА АНҶУМАНИ СОЗМОНҲОИ МУДОФИАВИИ ИДМ ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД
0
SHARES
78
VIEWS
Share on Facebook

Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Пленуми чордаҳуми  Шӯрои марказии  Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва анҷумани чоруми ғайринавбатии он баргузор шуд. Дар он ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Иштирокдорони муҳтаво ва самтҳои асосии кори тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро бо назардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, масъалаҳои гуногунии шаклҳо ва усулҳои пурсамари омодасозии мутахассисон барои сохторҳои қудратӣ ва хоҷагии халқро муҳокима намуданд.

Зимни кори ҷаласа нақши муҳими  созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ-техникӣ  дар тайёр кардани мутахассисони техникии баландтаҷриба барои Қувваҳои Мусаллаҳ махсус таъкид шуд. Имрӯз вазифаи асосӣ-ин мукаммал намудани заминаи моддӣ-техникӣ, рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ ва омода сохтани варзишгарони бомаҳорат ба шумор меравад.

Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯза зарур аст, дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, шаклҳои навро барои вусъати ҳамгироӣ ва робитаи барои тарафайн судманд дарёфт кард. Масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои ҳамаи созмонҳои мудофиавии ИДМ муҳим аст. Дар назди сохторҳои ҳарбӣ ва созмонҳои мудофиавӣ вазифаҳои нав истодаанд.

Зимни ин ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти созмонҳои мудофиавии ИДМ дар самти таҷлил аз 80-солагии Ғалаба, инчунин омодагӣ ба таҷлили 100 солагии таъсисёбии ДОСААФ – и ИДМ дар соли 2027 баррасӣ гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдулмумин Давлатзода дар ин ҷаласа ширкат намуд.

Дар ин ҷаласа раиси ДОСААФ-и Федератсияи Россия Денис Добряков раиси Шӯрои Марказии ДОСААФ-и Иттиҳидои Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.

Тӯли солҳои охир ҷамъиятҳои мудофиавии ИДМ сохтори худро такмил дода, дар асосҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.  Имрӯз дар сафҳои худ  созмонҳои мудофиавии ИДМ зиёда аз  9 миллион нафарро муттаҳид мекунад. Шӯрои Марказии ДОСААФ-и ИДМ ба кишварҳо аъзо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёр намудани  шаҳрвандон ба  аз рӯйи тахассусҳои ҳарбӣ барои хизмати низомӣ  дар сохторҳои миллии қудратӣ, таълим додани касбҳои оммавӣ-техникӣ, ҷалби ҷавонон ба эҷоди техникӣ ва машғулиятҳои варзишии авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ-амалӣ кӯмак мерасонад.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МУДОФИАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МУДОФИАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МУДОФИАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook