Дар шаҳри Душанбе Пленуми понздаҳуми Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар он ҳайатҳои расмии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Пленум сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдулмумин Давлатзода суханронии муфассал намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхории пайваставу ватандӯстонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати дастгирии фаъолияти Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиа дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии кишварамон тавассути роҳандозии тадбирҳои тодаъватӣ ва тарбияи ҳарбӣ – ватандўстии наврасону ҷавонон, омодасозии мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва рушду нумуи намудҳои ҳарбӣ – амалӣ ва техникии варзиш ёдовар гардид. Зимни чорабинӣ тазаккур дода шуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва иттиҳод бо дигар кишварҳое, ки ҳадафу манфиати муштарак доранд, метавон дар мубориза бо таҳдид ва хатарҳои замони муосир муваффақ гардид.






