Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.01.2025
in Мақола
0
ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!
0
SHARES
52
VIEWS
Share on Facebook

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».

Ҷиноятҳои характери коррупсионидошта дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа бениҳоят хавфноканд ва барои татбиқи орзую ормонҳои ватандӯстонаю некбинона баҳри рушди кишвар монеа эҷод менамоянд. Коррупсия дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ба шумор меравад ва ба амнияти миллии давлатҳо халал ворид намуда, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳоро коста мегардонад.

Файласуфи англис Томас Гоббс оид ба ин зуҳуроти номатлуб чунин қайд намудааст: «Коррупсия решаест, ки он дар ҳама давру замон ва ҳар лаҳзаи майлу дилкашолӣ боиси пайдо шудани нафрат ба тамоми қонунҳо мегардад».

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади пешгирии сабаб ва омилҳои коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 дар Мексика дар конференсияи сиёсии сатҳи олӣ Конвенсия қабул намуд ва бо ташаббуси СММ рӯзи 9-уми декабр рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба имзо расида, бо хушнудӣ пазируфта шуд. Зеро, ин ҳуҷҷат дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ ба шумор меравад, чунки мақсади ҳар як давлату миллат ва роҳбарияти олии он ташкилу таъмини ҳаёти осудаву оромонаи миллат ва ҷомеаи шаҳрвандист. Аммо барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан, монеаҳои зиёдеро паси сар бояд кард, ки ба он кӯшишҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади тақвият додани мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳуриамон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст.

Мубориза бо коррупсия аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ берун набуда, бо ин мақсад ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла фаъолон ва роҳбарони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва фаъолони ҷомеа иборат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ аз аҳамияти мубориза алайҳи ин зуҳуроти хавфноки ҷомеа ёдоварӣ менамоянд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат дар яке аз паёмҳояшон чунин қайд намудаанд: «Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халадор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».

Албатта, коррупсия мушкилоти умумиҷаҳонӣ аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Аз ин рӯ, самаранокии барҳам задани ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ва муқовимат бо коррупсия аз муборизаи якҷояи давлату ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад.

 

Э.ФАЙЗУЛЛОЗОДА, Ҷ. ДАВЛАТШОЕВА,

устодони ДМТ

 

Previous Post

ДАР ПЕШБУРДИ ХИЗМАТ БО ТАКМИЛИ МАҲОРАТ

Next Post

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook